Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқбол аз ширкати Эрон дар нишасти гурӯҳи байналмиллалии тамос


Ричард Ҳолбрук

Ричард Ҳолбрук

Ричард Ҳолбрук, намояндаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои Афғонистон ва Покистон, аз гуфтугӯҳои Рим, ки дар он намояндагони кишварҳои узви НАТО ва кишварҳои исломӣ ба шумули Эрон иштирок доранд, истиқбол кардааст.

Ҳолбрук дар як нишасти хабарии муштарак дар пойтахти Италия гуфт: «Ин ҷаласа як мисоли зинда аст, ки назарияи бархурди тамаддунҳоро рад мекунад».

Иттифоқи орои ҷаҳонӣ дар масъалаи Афғонистон

Ин гуфтугӯҳоро, ки вазири хориҷаи Италия Франко Фратини раҳбарӣ мекард, бештар рӯи интиқоли масъулиятҳои амниятӣ ба қувваҳои афғон мутамаркиз буд.

Майкл Штейнер, намояндаи хоси Олмон барои Афғонистон ва Покистон гуфт : «Ин як ҷараёни сиёсӣ аст, ки аз сӯи афғонҳо раҳбарӣ ва аз ҷониби ҷомеъаи байналмиллалӣ ҳимоят мешавад.

Вай гуфт, ҳузури намояндагони Эрон нишон медиҳад, ки мо ба иттифоқи орои ҷаҳонӣ, як ҳадафи воқеъбинона дар заминаи интиқоли масъулият ба афғонҳо дорем.

Штейнер гуфт «Интиқоли масъулиятҳои амниятӣ дар соли 2011 оғоз ва дар соли 2014 такмил хоҳад шуд».

Аммо вай таъкид кард, ки ин масъала ба мафҳуми ҷадвали замонӣ барои хуруҷи сарбозони байналмиллалӣ аз Афғонистон нест.

Генерал Давид Петреус, фармондеҳи умумии қувваҳои байналмиллалӣ дар Афғонистон нахуст ба иштироккунандагони ин нишаст маълумот дод, ки ба гуфтаи Ҳолбрук вай як гузориши ташвиқкунандаро дар мавриди чигунагии тезонидани ҷараёни интиқол ироа кардааст. Ба гуфтаи Ҳолбрук, Петреус ба иштироккунандагон гуфт, дар ин иртибот авлавият ба омӯзиши қувваҳои афғон дода шуда аст.

Мусолиҳа бо Толибон имконпазир аст

Ричард Ҳолбрук гуфт : «Иҷлоси сарони НАТО, ки дар 18-уми ноябр доир ва то 24-уми ин моҳ давом хоҳад кард, дар он бештар рӯи нуқтаи оғози ҷараёни интиқол ва ҳамчунин дар заминаи чигунагии ҳузури ғайри низомии Ғарб ва НАТО дар Афғонистон сӯҳбат хоҳад шуд.»

Ҳолбрук ҳамчунон дар мавриди гузоришҳо аз оғози гуфтугӯҳои ибтидоӣ миёни мақомоти афғон ва Толибон гуфт: «Барои ҳар кас, ки хоҳиши мусолиҳаро дошта бошад, дар Афғонистон ҷой аст. Аммо ба шарти он, ки силоҳашонро таслим кунанд ва робитаашонро бо Ал-Қоида қатъ кунанд.»

Аммо инро рад кард, ки бигӯяд Толибон барои ҳалли сулҳомез аз худ ирода нишон дода ва музокирот дар кадом марҳала расидаст. Ҳолбрук гуфт : « Аз гумон ва тахминҳо дар ин робита ҳеҷ фоида ва натиҷа ба даст нахоҳад омад.»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG