Пайвандҳои дастрасӣ

Дар нишасти Довил амнияти Аврупо баррасӣ мешавад


Амният дар Аврупо яке аз мавзӯъҳои аслии музокироти миёни раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев, садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва раисиҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ хоҳад шуд. Нишасти сегона шоми дирӯз дар шаҳри Довили Фаронса шурӯъ шуд ва имрӯз идома меёбад. Гуфта мешавад, ки сарони се кишвар, аз ҷумла, мавзӯъи тарҳи системаи зидди ҳамлаи мушакии умумиаврупоӣ таҳти сарпарастии НАТО-ро баррасӣ хоҳанд кард.
Ба навиштаи хабаргузориҳо, Медведев, Саркозӣ ва хонум Меркел рӯи масоили марбут ба соддатар кардани низоми раводиди Русия бо кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, масоили энерҷӣ, қазияи барномаи ҳастаии Эрон ва раванди сулҳи Ховари Миёна ҳам тамаркуз хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG