Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пентагон: асноди WikiLeaks рабудашудаанд


Вазорати дифоъи ИМА аз расонаҳои хабарӣ даъват кард то аснодеро, ки ба зудӣ аз тариқи сомонаи интернетии WikiLeaks пахш мешавад, нашр накунанд. Ин сомона ахиран эълом дошт, ки садҳо ҳазор асноди сиррӣ дар бораи ҷанг дар Ироқ, аз ҷумла, дар бораи талафот миёни мардуми осоиштаро интишор хоҳад сохт. Намояндагони Пентагон даъват ба расонаҳои хабариро бо он омил марбут карданд, ки ин асноди сиррӣ рабуда шудаанд. Аз ин пеш вазорати вазорати дифоъи ИМА гуфта буд, ки барои омӯзиши паёмадҳои эҳтимолии нашри ин иттилоъ гурӯҳеро иборат 120 мутахассис таъсис кардааст.
Моҳи июл сомонаи WikiLeaks беш аз 70 ҳазор санад дар робита ба ҳаводиси Афғонистонро нашр карда буд.
XS
SM
MD
LG