Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Истиқболи Эштон аз хурӯҷи марзбонҳои рус аз деҳаи гурҷӣ


Кэтрин Эштон, намояндаи олии сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, аз хурӯҷи марзбонҳои рус аз деҳаи гурҷии Перевӣ истиқбол кард. Ин деҳа дар марз бо Осетияи ҷанубӣ воқеъ аст. Вазорати умури хориҷии Гурҷистон хурӯҷи низомиҳои русро “гоме дар роҳи дуруст” ва аммо “ночиз” номид. Ба навиштаи хабаргузориҳо, ба деҳаи Перевӣ аллакай кормандони полиси Гурҷистон ва нозирон аз Иттиҳодияи Аврупо ворид шудаанд.
14 октябр дар музокирот оид ба таъмини суботу амният дар Қафқоз, ки дар Женева баргузор шуд, ҳайати Русия дар бораи аз байн бурдани постгоҳи худ дар ин деҳа хабар дода буд. Марзбонҳои Русия баъд аз тарки деҳаи Перевӣ дар пойгоҳи низомии кишвар дар Осетияи ҷанубӣ мустақар мешаванд.
XS
SM
MD
LG