Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми рисолати Испания дар Боснӣ ва Ҳерсеговина


Испания расман рисолати низомии худро дар Боснӣ ва Ҳерсеговина анҷом дод. Карме Чакон, вазири дифоъи Испания, зимни сафар ба Сараево изҳор намуд, ки афсарону сарбозони испанӣ вазифаи худро ба субут расониданд ва дар кишвар фақат гурӯҳи мутахассисони низомӣ барои тамрини нерӯҳои ҳукуматӣ боқӣ хоҳанд монд.
Аз соли 1992 ба ин сӯ дар маҷмӯъ 46 ҳазор низомиёни Испания дар Боснӣ ва Ҳерсеговина дар ҳайати нерӯҳои байнулмилалӣ хизмат карданд. Дар ин муддат 22 афсару сарбоз ва як тарҷумон аз Испания ба ҳалоаст расиданд .
XS
SM
MD
LG