Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри натоиҷи пешакии интихобот мавқуф гузошта шуд


Нашри натоиҷи пешакии интихоботи парлумонии Афғонистон то рӯзи 20 октябр мавқуф гузошта шуд. Масъулини Комиссиюни мустақили интихоботии кишвар ин тасмимро бо идомаи шумориши раъйҳо ва беэътибор дониста шудани баргаҳои овоздиҳӣ дар 571 қитъаи интихоботӣ марбут карданд. Дар интихоботи парлумонӣ, ки моҳи гузашта баргузор шуда буд, беш аз панҷу ним ҳазор қитъаҳои интихоботӣ ташкил шуда буд.
Гуфта мешавад, аз довталабони курсиҳои парлумон ва интихобкунандагон тақрибан 4 ҳазору 670 шикоят ворид шудааст, ки ҳангоми ҷамъбастии натоиҷи интихобот ба назар гирифта хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG