Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳо ба тасмими Саркозӣ асаре надоранд?


Николя Саркозӣ, раисиҷумҳури Фаронса изҳор намуд, ки бо вуҷуди эътирозҳои оммавӣ дар кишвар аз барномаи боло бурдани синни бознишастагӣ даст бардоштанӣ нест. Ҳукумат тасмим гирифтааст, ки синни нафақаро аз 60-солагӣ то 62-солагӣ боло барад.
Бар асари коршиканӣ дар Фаронса, ки як ҳафта боз идома дорад, 12 корхонаи коркарди нафт аз фаъолият бозмонда, интиқоли бензин ба садҳо бунгоҳҳои фурӯши маводи сӯхт қатъ шудааст. Ронандагони мошинҳои боркаш ва кормандони роҳи оҳан низ ба сафи эътирозгарон пайвастаанд. Имрӯз фурудгоҳи Орлии Порис нисфи парвозҳоро анҷом нахоҳад дод, дар дигар фурудгоҳҳои Фаронса 30 дар сади парвозҳо лағв шудааст.
Рӯзи чаҳоршанбе қонун дар бораи боло бурдани синни бознишастагӣ дар Сенати Фаронса баррасӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG