Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми эъдоми як узви "Ал-Қоида" дар Яман


Дар Яман як мусаллаҳи гурӯҳи “Ал-Қоида” бо иттиҳоми ташкили ҳамлаҳои террористӣ маҳкум ба эъдом шуд. Солеҳ Ал-Шош масъулияти ташкили дасти кам ҳафт инфиҷорро, ки дар онҳо чандин нафар кушта шуданд, бар дӯш гирифт. Додрас Мӯҳсин Алвон зимни қироати ҳукм гуфт, ки "маҳкумшуда узви гурӯҳи мусаллаҳ буд ва ҳамроҳ бо дигар афрод ба муассисаҳои давлативу хоҷагӣ ва ҳамчунин ба постгоҳҳои низомӣ ҳамла мекард. Амалҳои ӯ ба муассисаҳои хориҷӣ, сайёҳон, низомиён ва кормандони амниятӣ таҳдид мекард ва амнияти ҷомеъаро зери хатар мегузошт".
Солҳои ахир дар Яман чанд узви созмони “Ал-Қоида” маҳкум ба марг шуданд ва аммо ягон ҳукм то ҳол иҷро нашудааст.
XS
SM
MD
LG