Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз саммити Фаронса-Олмон-Русия баргузор мешавад


Раисиҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел изҳор намуданд, Иттиҳодияи Аврупо бояд фишангҳои муассири муҷозоти он кишварҳои узвро дошта бошанд, ки касри буҷаашон аз меъёри муқарраршуда бештар аст. Ба гуфтаи Меркел, дар робита ба ин ба Созиши Лиссабон бояд тағйирот ворид кард.
Изҳороти раҳбарони Фаронса ва Олмон дар шаҳри фаронсавии Довил пахш шуд. Саркозӣ ва Меркел қабл аз шурӯъи нишасти сегонаи сарони Фароса, Олмон ва Русия дар ин шаҳр бо ҳам мулоқот карданд. Шоми дирӯз Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, вориди Довил шуд. Музокироти раҳбарони се кишвар имрӯз баргузор мешавад. Ба навиштаи хабаргузориҳо, дар ин нишаст масоили марбут ба соддатар кардани низоми раводиди Русия бо кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, масоили энерҷӣ ва муносибати Русия ва НАТО баррасӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG