Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршиканӣ дар Фаронса шиддат мегирад


Дар Фаронса коршиканиҳо алайҳи сиёсатҳои иқтисодии раиси ҷумҳур Николя Саркозӣ шиддат мегирад. Мақомоти расмӣ гуфтанд, рӯзи сешанбе тамоми парвозҳо аз фурудгоҳи Порис Орлӣ ва 30 дар сади парвози ҳавопаймоҳо аз дигар фурудгоҳҳои кишвар лағв хоҳад шуд. Коршикании якҳафтаина дар полоишгоҳҳо ва захираҳои сӯхт дар Фаронса садҳо бензинфурӯширо дар саросари кишвар бекор гузошт. Ронандагони мошинҳои мусофиркаш бо нишони эътироз дар шоҳроҳҳоро оҳиста ҳаракат мекунанд ва коршиканӣ дар муассисаҳои роҳи оҳан шиддат мегирад. Дар остонаи баррасии тарҳи ислоҳоти иҷтимоӣ дар порлумони Фаронса, ки қарор аст, чаҳоршанбе сурат бигирад, рӯзи сешанбе ҳам мардумро ба коршиканӣ даъват кардаанд. Ҳукумати Фаронса мехоҳад, синни бознишастагиро аз 60 сол то 62 солагӣ боло барад.
XS
SM
MD
LG