Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи таҳқиқи байналмилалии низоъҳои Қирғизистон


Як кумиссиёни байналмилалӣ имрӯз таҳқиқи низоъҳои хунини қавмӣ дар Қирғизистонро шурӯъ кард, ки бар асари он садҳо нафар кушта шуданд. Ин кумиссиён таҳти раҳбарии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо фаъолият мекунад ва бояд сабабҳои муноқиша миёни қирғизу ӯзбакҳо дар моҳи июн дар ҷануби Қирғизистонро рӯшан кунад. Киммо Килюнен, фиристодаи хоси Шӯрои порлумонии Аврупо барои Осиёи Марказӣ, раиси кумиссиён гуфт, онҳо мисли пулис фаъолият намекунанд ва ҳаққи боз кардани парвандаи ҷиноиро ҳам надоранд. Қурбониёни низоъ мегӯянд, ки ҷангро гурӯҳҳои мусаллаҳи қирғизҳо шурӯъ карда ва ӯзбакҳоро ҳадаф гирифтанд, ки тақрибан 14 дар сади аҳолии беш аз 5 миллион нафарии Қирғизистонро ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG