Пайвандҳои дастрасӣ

Соли хониши Эрон рӯзи 23 сентябр шурӯъ шуд ва мактабҳои оливу донишгоҳҳо ва омӯзгорони фаъол бо фишорҳои нави афзоянда рӯбарӯ мешаванд. Таҳлилгарон мегӯянд, ки фишорҳои нав ба хотири хомӯш нигоҳ доштани даҳони фаъолон дар остонаи моҳҳои нави таҳсил афзоиш меёбад.

Муаллиф: Гулнози Исфандиёрӣ

Баъди интихоботи баҳсбарангези раёсатҷумҳурии соли гузашта, ки бо пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод анҷомид, мақомоти омӯзишу парвариши Эрон аз болоравии мавҷи норизоиятҳои сиёсӣ дар маҳфилҳои рӯшанфикрон андеша доранд.

Муҷозот барои ташвиқи "фасоди ахлоқӣ"

Профессори собиқи донишгоҳ Сабо Вафо ва як донишҷӯи фаъол Салмон Симо ҳарду қурбони маъракаи поксозии мактабҳои олӣ аз озодандешон шуданд. Хонум Вафо омӯзгори фанни адабиёт дар донишгоҳи Шаҳид буд ва соли гузашта бо иттиҳоми тавзеҳи сиёсии матнҳои адабӣ ва ташвиқи, ба қавли онҳо, “фасоди ахлоқӣ” дар миёни донишҷӯён аз кор ронда шуд.

Симо бошад маҷбур шуд ду моҳ пеш аз Эрон фирор кунад, ба он хотир, ки дар паи саркӯбҳои баъдиинтихоботӣ ду дафъа ӯро зиндонӣ карданд ва дар ниҳоят додгоҳи таҷдиди назар ҳукм кард, ки ӯ бояд шаш сол аз озодӣ маҳрум шавад. Ҳоло ин ду нафар дар Сиднею Туркия ба сар мебаранд.

Мавҷи нави фишорҳо, ки ҳадафаш бастани даҳони донишгоҳиҳо мебошад, ҳамоно ҳосили саркӯбҳои баъдиинтихоботии охир аст, ки дар шароити суолбарангез дубора Маҳмуди Аҳмадинажодро ба курсии раёсатҷумҳурӣ нишонд. Илова ба ин, барномаҳои дарсии донишгоҳҳои улуми иҷтимоӣ ҳам тағйир хӯрда ҳарчи бештар дарсҳои ҷанбаи идеологидошта барои мағзшӯии ҷавонҳо ҷорӣ мешаванд.

Сабо Вафо мегӯяд, ки мақомот ҷиддан аз паи поксозии унсурҳои мухолифату дигарандешӣ дар донишгоҳҳо ҳастанд ва мактабҳои олиро ба мадрасаҳо табдил медиҳанд:

“Бисёре аз донишҷӯҳо кушта шуданд, бисёрашон маҷрӯҳ шуданд. Донишҷӯеро мешиносам, ки тир хӯрдааст ва ҳиси баданаш аз 7 % бештар нест. Бисёре ногузир ба кӯчи иҷборӣ шуданд. Бисёре дар зиндонҳо ҳастанд. Ин ҳама баёнгари оморе аст аз мӯътаризин ва мухолифон. Онҳо ҳозир нестанд ҳамаи инро дар дохили худ ҳазина кунанд, беҳтарин роҳ ҳазви онҳост”.

Фишори азим болои донишҷӯёни фаъол


Симо, ки таҳти пуштибонии СММ дар Туркия паноҳ меҷӯяд, дар бораи фишори азиме болои донишҷӯёни фаъол лаб кушод, ки ҳоло ҷомеаи донишҷӯии ин кишвар бо он рӯбарӯ шудааст. Вай гуфт, ҳоло ҷумбиши донишҷӯён як бемореро мемонад, ки базудӣ шифо ёфта дубора вориди мубориза хоҳад шуд:

“Донишгоҳ нишон дод, ки сокит нахоҳад буд. Чун агар мехост сокит бошад, 30 сол анвои саркӯбҳову филтеркуниҳо бо баҳонаҳои мухталиф эъмол шудааст, вале ҳанӯз ҳам ҷумлаи маъруфе вуҷуд дорад, ки мегӯяд - “донишгоҳ ҳанӯз ҳам зинда аст”. Агар донишгоҳ зинда нест, агар донишгоҳ наметавонад коре анҷом бидиҳад, пас далели ин ҳама эҳзору пайгириву зарбу саркӯб чӣ аст?”.

Аз замони сари қудрат омадани Маҳмуди Аҳмадинажод фишор болои донишҷӯён ҳамоно афзоиш меёбад. Соли гузашта дар мавҷи афзоиши норизоиятҳову эътирозҳои зиддиҳукуматӣ аввалин шуда нирӯҳои ҳукуматӣ ба хобгоҳҳои донишгоҳи Теҳрон ҳамла карданд. Панҷ нафари онҳо кушта шуда бисёриҳо маҷрӯҳ гардиданд.

Донишҷӯҳои зиёд инчунин дар паи саркӯби раҳпаймоиҳои эътирозии нирӯҳои давлатӣ кушта шуда хабари ҳалокати дасти кам се нафар аз шиканҷаи полис дар боздоштгоҳи Каҳзерак ба даст омад. Нафарони дигар дастгир ва зиндонӣ шуда, дигарҳо аз ҳақи таҳсил маҳрум шуданд. Мегӯянд, муҳити донишгоҳҳо ҳар чи бештар таҳти назорати полис ва амниятиҳо мегузарад.

Талошҳои Теҳрон барои контроли ҷавонон

Профес Саиди Пайвандӣ дар Париж ба сар мебарад ва мегӯяд, мақомоти эронӣ ҳоло мехоҳанд ҳама ҳаракату фаъолиятҳоро таҳти контроли худ нигоҳ доранд.

“Шумо фикр кунед, ки имрӯз донишҷӯҳо 5% ҷамъияти Эронро ташкил медиҳанд. Дар баъзе шаҳрҳо то 12-13%-и сокинони шаҳр донишҷӯён ҳастанд. Дар ҳақиқат, афкори донишҷӯён вазни иҷтимоӣ ва фарҳангию сиёсии хеле муҳим дар ҷомеаи ин кишвар дорад”.

Ашкони Заҳҳобиён, ки донишҷӯии фаъоле аз шимоли Эрон аст, мегӯяд, агар дар гузашта кумитаи инзиботии донишгоҳҳо машғули баррасии масоили марбут ба ахлоқи муҳассилон буданд, ҳоло ин кор ба ӯҳдаи вазорати умури дохила ва дигар сохторҳои амниятӣ гузаштааст.

Ҳамин ниҳодҳо ҳоло дигар аз ташкили ҳар гуна маҳфилҳои донишҷӯӣ, аз ҷумла нишастҳои фарҳангӣ ҳам ҷилавгирӣ мекунанд. Илова ба ин, омӯзгороне, ки ба қавле мухолиф бо ақоиди давлатӣ андеша мекунанд, мавриди таъқиб қарор мегиранд.

Оқои Пайвандӣ афзуд, дар бисёр донишгоҳҳо интихоби омӯзгорон на бар пояи донишҳои илмии онҳову ихтисосашон, балки аз мавқеи сиёсии онҳо сурат мегирад. Зимнан, ҳанӯз моҳи август вазири илму маорифи Ҷумҳурии Исломӣ Комрони Донишҷӯ гуфт, донишгоҳҳое, ки мутобиқ бо хатти маши давлат нестанд, аз байн бурда мешаванд. Вай инчунин гуфт, ки ба мактабҳои олии ин кишвар омӯзгорони содиқ ба таълимоти Ислом ва вилояти фақеъ истихдом хоҳанд шуд.

Аксар онҳое, ки бо нигаронӣ аз ташдидёбии назорат дар мактабҳои олии Эрон ҳарф мезананд, мегӯянд, аз талоши худ барои дигар кардани вазъ даст нахоҳанд кашид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG