Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзалшоҳ Шодӣ: Ман ҳамеша барои мардум сурудаам


Сӯҳбати Шаҳлои Гулхоҷа, хабарнигори Озодӣ, бо Афзалшоҳ Шодӣ
Сӯҳбати Шаҳлои Гулхоҷа, хабарнигори Озодӣ, бо Афзалшоҳ Шодӣ

Афзалшоҳи Шодӣ аз ҳунармандони саршиноси тоҷик аст, ки тӯли чанд даҳсола шӯҳрати ӯ побарҷост. Ӯ тайи наздик ба чиҳил соли ҳунарнамоӣ дар саҳна ба бештар аз дусад суруд оҳанг баста ва иҷро кардааст.

Тақрибан нисфи эҷодиёти вай аз ашъори Лоиқ Шералӣ аст. Афзалшоҳи Шодиро аз ҳунармандони муваффақ дар интихоби матну оҳанг ном мебаранд.

Вай мегӯяд, матнро худ интихоб кардаву оҳанг мебандад. Ва ҳамчунон дар сурати зарурӣ дар тағйир додани матн бо муаллифони шеърҳо низ ҳамкорӣ мекунад. Дар ашъори ӯ таронаҳои мувофиқ ба замон зиёд ба мушоҳида мерасад. Ӯ мегӯяд, ин аз он хотир аст, ки дар эҷоди тарона назари мардумро мепазирад.

Ин овозхони шинохта ҳамчунин аз шашмақомсароёни маъруфи муосири тоҷик шумурда мешавад.

Афзалшоҳи Шодӣ услуби хоси худро дорад ва шогирдони зиёдеро ба ин услуб тарбият кардааст. Яке аз фарзандонаш тақрибан тамоми эҷодиёти падарро аз бар карда ва гоҳ-гоҳе ҳам суруд мехонад. Аммо Афзалшоҳ мегӯяд, кадоме аз фарзандонаш ҷиддан пешаи падари ҳунармандашонро интихоб накардаанд.

XS
SM
MD
LG