Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев ба ҷосусони Русия ҷоиза дод


Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия имрӯз ҷосусони аз Амрико ихроҷшудаи кишварашро бо нишонҳои олии давлатӣ қадрдонӣ кардааст. Ба гуфтаи Наталия Тимакова, сухангӯи ҳукумати Русия, “нишонҳои олии давлатӣ” ба “ҷосусоне дода шуд, ки дар Амрико кор мекарданд ва моҳи июл ба Русия баргаштанд”. Гурӯҳи даҳнафарии ҷосусони Русия, ки солҳои тӯлонӣ махфиёна дар Амрико кор мекарданд, баъди ошкор шуданашон дар ивази чаҳор шаҳрванди муттаҳам ба ҷосусӣ алайҳи Русия иваз карда шуданд.
XS
SM
MD
LG