Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси мушкили муҳоҷирони турктабори Олмон


Раисиҷумҳурии Олмон Кристиан Вулф имрӯз барои анҷоми сафари расмӣ вориди Туркия шуд, то бо мақомоти баландпояи ин кишвар дидору гуфтугӯҳое анҷом диҳад. Сафари ӯ дар як марҳилаи ҳассосе ҷараён мегирад, ки баҳсҳои атрофи таҳдиди муҳоҷирон дар Олмон тадриҷан ба як марҳилаи дигар баланд мешавад. Туркҳо бо ҷамъияти наздики чаҳор миллион нафар аққалияти сершумортарини ин кишварро ташкил медиҳанд.

Кристиан Вулф, раисиҷумҳурии Олмон, зимни сафар ба Туркия нақши хеле сахти дипломатиро бояд иҷро кунад. Зоҳиран, сафари панҷрӯзаи ӯ, ки аз дидору мулоқотҳо бо президент Абдуллоҳ Гул ва нахуствазир Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва ҳамчунин суханронӣ дар парлумон иборат аст, хеле расмӣ арзёбӣ мешавад.

Вале масъала ин аст, ки ин сафари вай бо баҳсҳои хеле доғи атрофи масъалаи муҳоҷират дар Олмон мувофиқ омадааст. Ин баҳсҳо ба таври мустақим ба мавқеи чаҳор миллион мусалмони ин кишвар, яъне муҳоҷирон асар мекунад, ки аксарияти онҳоро турктаборҳо ташкил медиҳанд.

Сиёсати номуваффақи муҳоҷират

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон
Садри аъзам Ангела Меркел ахиран изҳороте дод, ки дар асл бесобиқа буд. Вай гуфт, талоши Олмон барои эҷоди як ҷомеаи бисёрмиллата “шикаст хӯрд”.

Хонум Меркел зимни як суханронӣ дар нишасти ҳизби христиан-демократ гуфт, он ки ба намояндаҳои фарҳангҳои мухталиф иҷозаи ҳамзистӣ бо мардуми маҳаллӣ бидуни ҳамоиши онҳо бо ҷомеа фароҳам оварда шуд, натиҷаи дилхоҳ ба бор наовард:

“Дар шаҳри Франкфурт аз ҳар се тифли то панҷсола якеро фарзандони муҳоҷирон ташкил медиҳанд. Аслан худи мо аввалин шуда ба Аврупо дар солҳои 1960-ум меҳмонҳоро барои кор ба Олмон оварда будем. Ҳоло онҳо бо мо зиндагӣ мекунанд, ва мо тамоми ин вақт худро каме фиреб мекардем, ки онҳо дар ин кишвар боқӣ нахоҳанд монд ва як рӯз ҳатман нопадид хоҳанд шуд. Вале ин дуруст набуд. Идеяи ҳамзистии бисёрмиллата, ки намояндаҳои фарҳангҳои мухталиф канори ҳам зиндагӣ карда аз вуҷуди ҳамдигар шод мешаванд, аслан шикаст хӯрд, амиқан шикаст хӯрд”.

Лаҳни сарди Меркел

Вай инчунин гуфт, Олмон обрӯи як кишвари масеҳии инсондӯстро касб кардааст ва ҳар касе, ки инро қабул надорад, ҷояш ин кишвар нест. Вай аъзои ҷомеаи муҳоҷирон дар Олмонро даъват кард, ки барои ҳамоиш ва омӯзиши забони олмонӣ, чун як масъалаи авлавиятнок, кори бештар анҷом диҳанд.

Бархе таҳлилгарон изҳороти ахири Меркелро чун кӯшиши ором кардани бахши рости ҳизби христиан-демократ арзёбӣ карданд, ки пайваста дар масъалаи муҳоҷирону муҳоҷират изҳори нигаронӣ мекунад.

Сӯҳбатҳои Меркел ба равобити муҳоҷирон ва сокинони бумии Олмон ишора дорад. Аксари турктаборҳое, ки дар ин кишвар ба сар мебаранд ва насли севвуми муҳоҷирони кориянд, ҳамоно шомили ҷомеаи Олмон нашуда, бо аҳолии маҳаллӣ равобити зич надоранд ва забони олмониро низ хуб намедонанд. Таҳлилгарони олмонӣ мегӯянд, пӯшида будани ҷомеаи мусалмонони маҳаллӣ боиси болоравии ақоиди ифротгароӣ дар миёни онҳо мешавад.

Кристиан Вулф, раисиҷумҳури Олмон
Оҳанги нарми Вулф

Лаҳни бисёр сарду нигаронкунандаи Меркел дар масъалаи муҳоҷират аз оҳанги нарму оромкунандаи президент Вулф тафовут дошт. Зимни суханронии худ дар рӯзи муттаҳидсозии Олмон рӯзи 3 октябр Вулф гуфт, ки Ислом ҳоло як бахши эътирофшудаи фарҳанги олмонӣ гардидааст. Ин суханҳо бештар аз дигарҳо ба ҳамтои турки ӯ Абдуллоҳ Гул хуш омад, ки аз ин нукта ситоиш кард.

Вале ҳоло Вулф як вазифаи мушкиле дар пеш дорад, ки он ҳам дар Анкара шарҳ додани суханҳои ахири раҳбари ҳукумати Олмон дар масъаи муҳоҷират аст. Илова ба ин, ҳарду ҷониб ҳам хуб медонанд, ки Олмон мухолифи ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо пазируфта шудани Туркия мебошад. Бар тибқи натиҷаҳои назарпурсиҳо, 72 дар сади сокинони Олмон гуфтаанд, ки намехоҳанд Туркия узви комилҳуқуқи ин иттиҳодия шинохта шавад.

Вале бояд гуфт, ки дар масоили дигар, аз ҷумла дар равобити расмии миёни ду кишвар ҳеҷ мушкиле байни Анкараву Берлин ба чашм намехӯрад. Дар барномаи сафари оқои Вулф инчунин ширкат дар маросими таъсиси донишгоҳи туркиву олмонӣ дар Истанбул ва ҳамчунин мулоқот бо раҳбарони мазҳабии ин кишвар дар назар гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG