Пайвандҳои дастрасӣ

Орои зиёди интихоботии Афғонистон беэътибор эълом шуд


Мақомоти интихоботии Афғонистон мегӯянд, орои бештар аз 571 қитъаи интихоботиро, беэътибор эълом кардаанд. Нур Муҳаммад Нур, сухангӯи Кумиссиёни мустақили шикоёти интихоботии Афғонистон, гуфтааст, орои қитъаҳои мазкур бинобар тақаллубкорӣ дар онҳо беэътибор эълом шуд ва орои садҳо қитъаи дигар низ таҳқиқ мешавад. Рӯзномаи “Ню Йорк Таймс” аз қавли мақомоти ғарбӣ ва интихоботии Афғонистон навиштааст, ки ғолибан аз се як ҳиссаи орои интихоботи порлумонии рӯзи 17 октябр бинобар тақаллубкорӣ беэътибор эълом хоҳад шуд. Қарор аст, натиҷаҳои интихоботро рӯзи чаҳоршанбе эълом кунанд.
XS
SM
MD
LG