Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳурот алайҳи тарҳи қонуни нави забон дар Украина


Ҳудуди 200 нафар дар баробари бинои порлумони Украина ҷамъ омада ва ба тарҳе эътироз карданд, ки ба гуфтаи онҳо мавқеъи забони русиро бар зиёни забони украинӣ тақвият мекунад. Ба гузориши бахши украинии Радиои Озодӣ, тазоҳургарон хостаанд, то тарҳи ин қонун дар мавриди забон дар порлумон баррасӣ нашавад. Дар миёни тазоҳургарон ду адиби маъруфи Украина бародарон Виталий ва Дмитро Капланов низ будаанд ва қавл додаанд, то замоне, ки вакилон тарҳи ин қонунро канор нагузоранд, аз тазоҳурот даст намекашанд. Тарҳи қонуни забон, ки аз тарафи се ҳизби Украина ва аз ҷумла ҳизби ҳоким пешниҳод шудааст, дар баробари забони украинӣ рушди баробари забони русиро дар назар дорад. Забони расмии Украина ҳоло дар кишвар забони украинист.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG