Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди Ҳуго Чавез аз Украина шурӯъ шуд


Ҳуго Чавез, раиси ҷумҳури Венесуэла, имрӯз дар идомаи силсилафари байналмилалиаш вориди Украина шуд. Ӯ бо Виктор Янукович, раиси ҷумҳур мулоқот кард ва қарор аст, аз ширкати ҳавопаймосозии Антонов дидан кунад. Рӯзе пештар аз ин дар шаҳри Минск Ҳуго Чавез ваъда дод, ки Белорусро то се соли оянда солона бо 30 миллион тонна нафт таъмин хоҳад кард, ки арзиши ин қарордод то соли 2011 бештар аз 19 миллиард доллар будааст. Ҷумҳурии Белорус дар ҳоле чунин ваъда гирифт, ки равобиташ бо Русия фурӯшандаи аслии нафт ба Минск бад шудааст. Ҳуго Чавез баъди боздид аз Украина ба Эрону Сурия ва сипас ба Португалия сафар мекунад.
XS
SM
MD
LG