Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мухолифини Русия дархости гирдиҳамоӣ карданд


Гурӯҳҳои мухолифи давлат ва ҳомиёни ҳуқуқи Маскав имрӯз расман аз ҳукумати пойтахти Русия хостаанд, ба онҳо иҷозаи гирдиҳамоӣ бидиҳад. Ба гузориши бахши русии Радиои Озодӣ, ҳадаф аз ин раҳпаймоӣ дар рӯзи 31 октябр ҳимоят аз ҳаққи гирдиҳамоӣ дар Русия будааст, ки Қонуни Асосӣ кафолат додааст. Тамоми талошҳои пешинаи мухолифин ва ҳомиёни ҳуқуқи Русия барои ташкили гирдиҳамоӣ дар Маскав бенатиҷа анҷомида буд, зеро милисаи Русия ва мақомот онҳоро бо зӯр пароканда карданд ва ё монеъи гирдиҳамоӣ шуданд. Бо иваз шудани Юрий Лужков, шаҳрдори Маскав, мухолифин умедворанд, ки ин дафъа барои гирдиҳамоии иҷоза мегиранд.
XS
SM
MD
LG