Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози нишасти ҷаҳонии ҳифзи мавҷудоти курраи Замин


Як нишасти ҷаҳонӣ ба хотири ҳифзи мавҷудоти зиндаи курраи Замин дар шаҳри Нагуяи Ҷопон шурӯъ шуд. Дар ин нишасти Созмони Милал намояндагони 190 кишвари ҷаҳон роҳҳои ҳифзи рустаниҳову ҷонварони курраи саёраро баррасӣ мекунанд, ки бинобар олудагиҳо ва харобии муҳити зисташон башиддат нобуд мешаванд. Дар ин ҳамоиши 12 рӯза намояндагони 190 кишвари ҷаҳон гирди ҳам омадаанд, ки узви Конвенсиюни таннавӯъи рустаниҳои Созмони Милал ҳастанд. Онҳо саъй хоҳанд кард, то ҳадафҳои барои даҳ соли ояндаро мушаххас кунанд. Биологҳо мегӯянд, мавҷудоти зиндаи рӯи Замин назар ба марги табиӣ худ 1000 маротиба зудтар нобуд мешаванд.
XS
SM
MD
LG