Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳо аз фишор ба матбуот дар Тоҷикистон


Дуня Миятович, намояндаи САҲА дар масоили озодии матбуот, рӯзи душанбе аз таҳаввулоти ахири марбут ба маҳдуд шудани озодии матбуот ва фишори афзоянда болои матбуоти мустақил дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, гуногунандешии расонаӣ дар ин кишвар зери хатар меравад.

Хонум Миятович дар номааш ба вазири хориҷаи Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ навиштааст: “Таҷрубаи масдуд кардани сомонаҳои интернетӣ, ҷилавгирӣ аз нашри рӯзномаҳо ва роҳандозии бозрасиҳои молиётиву додситонӣ аз сӯи мақомот, нақзи ҷиддии ӯҳдадориҳои дар чаҳорчӯби меъёрҳои озодии матбуоти САҲА бар дӯш гирифтаи Тоҷикистон аст.”

Ёдовар мешавем, ҳафтаномаи “Фараж” 2 ҳафта боз нашр намешавад. Дар ҳафтаи гузашта “Пайкон”, боз як нашрияи дигари мустақили чопи Душанбе низ аз имкони чоп маҳрум шуд.

САҲА аз вазъи матбуот дар Тоҷикистон нигарон аст

Ҳамин тавр, аз 29 сентябр ба ин сӯ, дастрасӣ ба чанд сомонаи маъруфи дохиливу хориҷии интернетӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла avesta.tj, tjknews.com, ferghana.ru, centrasia.ru низ масдуд шудааст, вале мақомот мегӯянд, ки иллати дастнорас будани ин торнамоҳо фаннист.

Дуня Миятович дар номааш ба вазири хориҷаи Тоҷикистон аз парвандаҳои зидди чандин нашрия, бо шумули “Азия Плюс”, “Фараж”, “Озодагон”, “Пайкон” ва “Миллат” низ ёдовар шуда, гуфтааст, баста шудани ин нашрияҳо, гуногунандешии ҳосилшуда дар расонаҳои чопии Тоҷикистонро башиддат коҳиш медиҳад.

Хонум Миятович изҳори умедворӣ кардааст, ки мақомоти Тоҷикистон бо дарки аҳамияти гуногунандешии матбуот аз ин роҳи бадшавии вазъи озодии матбуот пас хоҳанд гашт.

Ҳамин тавр, рӯзи душанбе Дафтари ҳуқуқи башар ва риояи қонуни Тоҷикистон ҳамроҳ бо НАНСМИТ, Иттиҳодияи миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, бо пахши як изҳороти муштарак, аз эъмоли фишор болои расонаҳои ғайридавлатӣ, аз нашри расонаҳои мустақил даст кашидани чопхонаҳо, маҳдуд шудани дастрасӣ ба як силсила сомонаҳои интернетӣ ва аз нашр бозмондани ҳафтаномаи мустақили “Фараж” изҳори нигаронӣ карданд.

Маҳдудияти матбуот хилофи меъёрҳои байналмиллалӣ аст

Наргис Зокирова,мудири дафтари ҳуқуқи башари Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, чунин бархӯрд мухолифи ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон аст:

“Тоҷикистон ҳанӯз дар соли 1999 паймони байналмилалии ҳуқуқи сиёсиву шаҳрвандиро тасвиб кардааст ва банди 19-уми ин паймон озодии баён, аз ҷумла озодии ҷустуҷӯ, дастрас ва нашр кардани маълумотро замонат медиҳад. Ва азбаскӣ Тоҷикистон ин паймонро тасвиб кардааст, мукаллаф аст, то меъёрҳои омада дар ин санадро муроот ва иҷро кунад. Ва банди 19-уми паймон ҳамин меъёрҳои байналмилалии озодии баёнро бозгӯ мекунад. Аз сӯи дигар, ҳаққи озодона дастрас ва нашр кардани иттилоот ва табодули афкор бидуни дахолати мақомоти давлатӣ ва ҳам вуҷуди матбуоти озоду кунҷкоб аз шартҳои муҳими ҳар давлати ҳуқуқбунёд аст. Ва давлат бояд ба интиқоде, ки дар расонаҳо нашр мешавад, ҳусни таҳаммули бештар нишон диҳад.”

Наргис Зокирова, раҳбари Дафтари ҳуқуқи башари Тоҷикистон гуфт, фишор алайҳи матбуот дар як марҳалаи ҳассосе рух додааст, ки ба дунболи ҳамсоякишварҳояш Узбакистону Туркманистон ва Қирғизистон акнун Душанбе ҳам барои нахустин бор ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ҳисобот медиҳад.

Латма ба обрӯи байналмиллалии Тоҷикистон

Ба эътиқоди хонум Зокирова, дар пешорӯи чунин ҳисоботи муҳим, ки бояд соли 2011 ироа шавад, аз нашр бозмондани нашрияҳо ва масдуд шудани сомонаҳои интернетӣ, ба обрӯи байналмилалии Тоҷикистон латма мезанад:

“Ба назари мо, фишор алайҳи матбуоти мустақил, ки дари ин авохир мушоҳида мешавад, метавонад мунҷар ба ҷиддан маҳдуд шудани доманаи озодии матбуот шуд, худсонсурииро дар миёни хабарнигорон баръакс биафзояд. Чунин ҳол дар остонаи ироаи арзёбии умумии давраӣ ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ аз ҷониби давлати Тоҷикистон метавонад ба обрӯи кишвар таъсири манфӣ бирасонад. Ин як проседураи нав аст, ки ҳамаи 192 кишвари узви СММ бояд дар ҳар 4 сол як маротиба дар бораи чигуна иҷро шудани муқаррароти паймонҳои байналмилалӣ дар кишвари худ ҳисобот диҳанд. Навбати Тоҷикистон ба соли 2011 муқаррар шудааст ва ба назари ман, аъзои Шӯро ба масоили маҳдуд шудани озодии матбуот дар Тоҷикистон ҳатман таваҷҷӯҳ хоҳанд кард.”

Дафтари ҳуқуқи башар ва Анҷумани расонаҳои мустақил дар изҳороти муштараки худ аз давлати Тоҷикистон тақозо кардаанд, ба манзури ҷилавгирӣ аз маҳдуд кардани озодии баён ва фишор болои матбуоти мустақил, аз ҷумла алайҳи ҳафтаномаи мустақили “Фараж”, ки 2 ҳафта боз ба дасти хонандагонаш расида наметавонад, тадобири лозимро биандешад ва дастрасӣ ба сомонаҳои интернетии масдудшударо низ дигарбора мумкин гардонад.
XS
SM
MD
LG