Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

OSCE аз вазъи матбуоти Тоҷикистон нигарон шудааст


Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз вазъи озодии матбуот дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кардааст. Дунйа Мийатович, намояндаи созмон дар умури озодии матбуот, бо ирсоли номае ба унвони Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷа, навиштааст, “Масдуд кардани торнамоҳо, монеъ шудан ба нашри рӯзномаҳо ва тафтиши онҳо аз тарафи мақомот, нақзи ҷиддии тааҳҳудоти озодии баён дар Тоҷикистон аст. Саз аз рӯзи 29 сентябр дастрасӣ ба баъзе вебсайтҳои хабарӣ дар Тоҷикистон номумкин шудааст ва ҳам ду рӯзнома "Фараж" ва "Пайкон" ду ҳафта боз нашр намешаванд. Хонум Мийотович гуфтааст, аз ин вазъ бисёр нигарон аст ва умедвор аст, мақомоти Тоҷикистон бо дарки аҳамияти гуногунандешӣ дар матбуот, вазъи бади мавҷуд дар озодии баёнро ислоҳ мекунанд.
XS
SM
MD
LG