Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баррасии масоили иҷтимоӣ дар нишасти ЕврАзЭС дар Душанбе


Имрӯз 18 октябр, дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон, нишасти Комисияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Созмони иқтисодии ЕврАзЭС оид ба сиёсати иҷтимоӣ оғоз шуд.

Ба иттилои масъули Дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Муҳаммато Султонов, дар нишасти мазкур намояндагони Русия, Қазоқистон, Белорусия, Қирғизистон ширкат карданд.

Вазъ дар шарқи Тоҷикистон ором аст

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумурии Тоҷикистон нақши Комисияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Созмони иқтисодии ЕврАзЭС оид ба сиёсати иҷтимоиро дар ҳалли мушкилоти вобаста бахши иҷтимоии кишварҳои аъзо, муҳим арзёбӣ кард.

Шукурҷон Зуҳуров бо таваҷҷуҳ ба вазъи минтақаи Рашт изҳор доштааст, ки ҳоло вазъият дар ин водӣ комилан ором буда, аз тарафи нерӯҳои давлатӣ назорат карда мешавад.

Вай дар ин замина баён дошт, ки баъзе гурӯҳҳои ифротгарое ҳастанд, ки оромиву суботи ҳеҷ кишвареро намехоҳанд ва ҳамеша дар пайи ноором кардани манотиқи алоҳидаи ин кишварҳо ҳастанд.

Дар ин нишаст, Тоҷикистон зимни муаррифии барномаҳои марбут ба обу энержии худ, таъкид кардааст, ки ин кишвар 60 дар сади оби Осиёи Марказиро доро мебошад. Шукурҷон Зуҳуров, раиси маҷлиси намояндаогони таъкид кардааст, ки Тоҷикистон аз ин миқдор танҳо 7 дар сади онро истифода мебараду халос ва боқимондаи ин обро дигар кишварҳо истифода мекунанд.

Ҳамкорӣ дар бахши обу энержии Тоҷикистон

Тоҷикистон бо доштани ин захоири бузурги обу энержӣ, зарфияти истеҳсоли то 500 миллиард киловат соат нерӯи барқ дар як солро дорад, аммо бо таваҷҷуҳ ба он, ки Тоҷикистон дорои теъдоди хеле ками нерӯгоҳҳои барқи обӣ аст, имкони истеҳсоли ин мизон қувваи барқро надорад. Ҳоло дар Тоҷикистон дар як сол ҳудуди 30 миллиард киловат соат нерӯи барқ тавлид мешавад, ки ин барои таъмини пурраи аҳолӣ бо нерӯи барқ басанда нест.

Таъсиси иттиҳоди гумрукӣ байни Русия, Қазоқистон ва Белорус аз иқдомҳо ин кишварҳо ҳамчун узви Комисияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Созмони иқтисодии ЕврАзЭС оид ба сиёсати иҷтимоӣ ба шумор рафта, Тоҷикистон низ эълом кардааст, ки аз ин иқдом ҷонибдорӣ мекунад ва ҳоло комиссияи давлатии Тоҷикистон дар заминаи омӯзиши фаъолиятҳои ин кишварҳо дар чорчӯби ин иттиҳод ва шомил шудани он ба иттиҳоди гумрукӣ ташкил шудааст.

Фароҳам овардани шароити мусоиди кору зиндагӣ барои муҳоҷирони меҳнатии ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои узви Комисияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Созмони иқтисодии ЕврАзЭС , аз ҷумла Русия ва Қазоқистон баррасӣ шудаааст, аммо ба таври мушахас гуфта нашудааст, ки ҷиҳати беҳбуд бахшидани вазъи муҳоҷирин дар қаламрави кишварҳои узв чӣ барномаҳои амалӣ рӯи даст хоҳанд гирифт.
XS
SM
MD
LG