Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарифӣ: "Барои бозгардонидани донишҷӯён музокира мекунем"


Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт, барои бозгардонидани донишҷӯёни тоҷик, ки дар мадрассаҳои исломӣ таҳсил мекунанд, музокирот бо кишварҳои хориҷӣ шурӯъ шудааст. Ҳамроҳхон Зарифӣ зимни нишасти хабарӣ гуфт, ҳадаф бозгардонидани донишҷӯёнест, ки аз роҳҳои ғайриқонунӣ барои таҳсил ба мамолики араб ва Покистону Афғонистону Эрон рафтаанд. Ӯ афзуд, танҳо дар марказҳои таълимии донишгоҳи Ал Азҳари Миср бештар аз 700 донишҷӯи тоҷик мехонанд, ки ғайрирасмӣ ба он ҷо рафтаанд ва 90 дар сади онҳо улуми шариъати исломӣ меомӯзанд. Ҳамроҳхон Зарифӣ мегӯяд: “Донишгоҳи Ал-азҳар яке аз донишгоҳҳои машҳури дунё аст ва факултетҳои зиёди дунявӣ дорад. Мутаасифона ягон нафар аз донишҷӯёни мо дар факултаи иқтисодӣ ё ки илмӣ ё ки инженерӣ намехонанд. Аз ин лиҳоз мо бояд ин мавзӯъро амиқ омӯзем ва муаяйн кунем, ки барои ояндаи мо чӣ даркор аст, муллои бисёр даркор аст, инженер, сохтмончӣ ва чизи дигар.” Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон чанде пеш аз волидони тоҷик хост, фарзандони худро аз мадрасаҳои исломӣ баргардонанд, зеро ба гуфтаи раиси ҷумҳур онҳо тероррист ва ё экстремист мешаванд.
XS
SM
MD
LG