Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин Мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба гуштии самбо барои дарёфти ҷоизаи ёдбуди ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов, ки дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе рӯзҳои 16-ум ва 17-уми октябр баргузор шуд, бо пирӯзии паҳлавонони пойтахти кишвар ба анҷом расид.

Cаркотиби ин мусобиқа Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси Федеросиюни самбои Осиёи Марказӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт:

«Аввалин мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба гуштии самбо барои дарёфти ҷоизаи ёдбуди Саидмӯъмин Раҳимов бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Федеросиюни гуштии самбои кишвар ва тасмими Федеросиюни байнулмилалии самбои ҳаваскорӣ (FIAS) баргузор шуд. Дар ин мусобиқа ҳудуди 200 паҳлавон аз ҳамаи манотиқи Тоҷикистон ва 5 нафар аз Узбакистон ширкат карданд. Мусобиқа дар нӯҳ вазн сурат гирифт».

Набимуҳаммад Хоркашев
Гуштигирони шаҳри Душанбе, ки дар ҳамаи вазнҳо ғолиб шуданд, соҳиби 9 медали тилло гардиданд. Инчунин душанбегиҳо 5 медали нуқра ва 11 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Ба ин тартиб, варзишгарони пойтахти кишвар дар ҳисоби дастаӣ мақоми аввалро касб карданд.

Паҳлавонони Узбакистон бо 2 медали нуқра ва 2 медали бириинҷӣ ҷои дуввумро гирифтанд. Намояндагони вилояти Суғд бо 1 медали нуқра ва се медали биринҷӣ севум шуданд.

Дастаи шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ (ноҳияи Рӯдакӣ) як медали нуқра ва як медали биринҷӣ гирифт. Дастаи Хатлон бошад, бо 1 медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа аз рӯи вазнҳо

То 52 кг
1. Акмолиддин Каримов (Душанбе).
2. Саттор Эргашев (Узбакистон).
3. Азизи Бахтиёр (Суғд).
3. Сӯҳроб Мӯъминов (н.Рӯдакӣ).
То 57 кг
1. Олимҷон Зикаев (Душанбе).
2. Лутфулло Розиқов (н.Рӯдакӣ).
3. Шарофиддин Лутфуллоев (Узбакистон).
3. Наҷибулло Ҳабибуллоев (Душанбе).
То 62 кг
1. Миралӣ Муҳибуллоев (Душанбе).
2. Тилло Абдуллозода (Суғд).
3. Исмоил Боймуродов (Душанбе).
3. Шаҳдод Шайхов (Суғд).
То 68 кг
1. Фаррух Собиров (Душанбе).
2. Ризвон Бурҳонов (Душанбе).
3. Мустафо Ҳасанов (Душанбе).
3. Ҳотам Ашӯров (Душанбе).
То 74 кг
1. Сӯҳроб Раҳимов (Душанбе).
2. Сулаймон Сулаймонов (Душанбе).
3. Дамир Муҳидов (Узбакистон).
3. Ҷамшед Шониёзов (Суғд).
То 82 кг
1. Сайвалӣ Ҳалимов (Душанбе).
2. Ҷамшеди Иззатулло (Душанбе).
3. Абдумалик Лайлиев (Душанбе).
3. Нусратуллои Рамз (Душанбе).
То 90 кг
1. Раҳматулло Абдуллоев (Душанбе).
2. Шаҳрзод Рамазонов (Душанбе).
3. Абубакр Зоиров (Душанбе).
3. Фирдавс Орифов (Душанбе).
То 100 кг
1. Набимуҳаммад Хоркашев (Душанбе).
2. Сантус Зарифбеков (Душанбе).
3. Шоҳрух Амирхонов (Хатлон).
3. Давлатмурод Ҷалилов (Душанбе).
+ 100 кг
1. Зиёратшо Баротов (Душанбе).
2. Элдар Ғуломов (Узбакистон).
3. Шавкат Иқболов (Душанбе).
3. Муҳаммадамин Хонов (Душанбе).

Ғолибони мусобиқа ва гуштигироне, ки ҷойҳои дуввуму севумро соҳиб шуданд, бо ҷому медалҳо, диплому вимпелҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва Федеросиюни гуштии самбои кишвар, инчунин, тӯҳфаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (моҳвора, телевизор ва либоси варзишӣ) сарфароз гаштанд.

Азбаски Саидмӯъмин Раҳимов моҳи сентябри соли 1975 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии самбо дар шаҳри Мински Беларус дар рақобатҳо дар вазни то 100 килограмм ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфта буд, ғолиби мусобиқаи байнулмилалӣ дар ин вазн Набимуҳаммад Хоркашев, ҳамчунин, бо мукофоти пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе – 2000 сомонӣ мукофотонида шуд.

Ба гуфтаи Маҳмадшариф Сулаймонов, сармураббии дастаи мунтахаби самбои Тоҷикистон, ин мусобиқа барои паҳлавонони тоҷик як навъ санҷише буд пеш аз мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки аз 4-ум то 8-уми ноябри соли равон дар пойтахти Узбакистон – шаҳри Тошканд баргузор мешавад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG