Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии амнияти Аврупо дар нишасти сеҷонибаи Фаронса


Қарор аст, имрӯз сарони Русия ва Олмон бо даъвати Николя Саркозӣ, раиси ҷумҳури Фаронса барои як мулоқот вориди шаҳри соҳилии Довил шаванд. Масоили амниятии Аврупо аз масоили аслии баррасӣ дар ин нишасти дурӯзаи раиси ҷумҳур Николя Саркозӣ, ҳамтои руси ӯ Дмитрий Медведев ва Ангела Меркел, садри аъзами Олмон аст. Бино ба гузоришҳо, раҳбарони Олмону Фаронса, раиси ҷумҳури Русияро ташвиқ хоҳанд кард, то дар таъсиси сипари дифоъи мушакӣ дар Аврупо ҳамкорӣ кунад, ки ҳадафи он ҳифзи кишварҳои узви НАТО аз ҳамлаҳои мушакии эҳтимолӣ аз кишварҳои ба мисли Эрон аст. Русия дар гузашта ба таъсиси чунин сипари дифоъии Амрико дар Аврупо мухолифат мекард, зеро онро хатаре ба амнияти миллии худ медонад.
XS
SM
MD
LG