Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пентагон омодаи посух ба ифшои санадҳои сиррӣ аст


Вазорати дифоъи Амрико эълом кард, тими муташшакил аз 120 нафарро масъули посухгӯӣ дар заминаи ифшои эҳтимолии ҳазорон санади марбут ба ҷанги Ироқ кардааст, ки бисёре аз онҳо сиррӣ мебошанд. Торнамои Вики Ликс гуфтааст, ки ин аснодро то охири моҳи октябр нашр мекунад. Дейв Лапан, сухангӯи вазорати дифоъи Амрико, гуфт, гурӯҳи мазкур асноди марбут ба ҷанги Ироқро арзёбӣ кардааст, то дар сурати нашри онҳо посух бидиҳад. Дар ин аснод, ҷузъиёти ҷангу қурбониҳо низ вуҷуд доштааст. Торнамои Вики Ликс, моҳи июн 70 ҳазор асноди махфии марбут ба ҷанги Афғонистонро интишор кард. Торнамои Вики Ликс як муассисаи ғайриҳукуматӣ аст ва то кунун манбаъи дарёфти ин асноди махфиро ошкор накардааст.
XS
SM
MD
LG