Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон бо пахши як гузориши видоеӣ аз тариқи телевизиони давлатӣ ҷасади се тан аз афроди гурӯҳи мусаллаҳи худсарро намоиш дод, ки дар ҷараёни амалиёти ахири нерӯҳои қудратӣ дар дараи Камароб кушта шудаанд.

Вазорати умури дохила аз ин се тан ба унвони хатарноктарин аъзои гурӯҳи мусаллаҳ ном бурда, онҳоро аз дастандаркорони таъсиси гурӯҳҳо дар канори Мулло Абдулло ва Алии Бедакӣ ном мебарад. Сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон Маҳмадулло Асадуллоев дар робита шахсияти ин се тан гуфт, афроди кушташуда Аминбек Юнусов, Абдураҳим Додарбеков ва Зикруллоҳ Маннонов, сокинони водии Рашт мебошанд, ки ба гурӯҳи Мулло Абдулло ва Аловуддин Давлатов пайваста, бо нерӯҳои ҳукуматӣ меҷангиданд.



Тавре гуфта мешавад, Аминбек Юнусов қаблан дар шӯъбаи мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи минтақаи Рашт ҳамчун афсари умури дохила кор мекард. Бо чӣ сабабҳое ӯ бо гурӯҳи Аловуддин Давлатов пайвастааст, рушан нест. Зикрулло Маннонов аз фарзандони Мулозайнулобиддин будааст, ки ба иттилои вазорати умури дохила раҳбари маънавии гурӯҳҳои террористӣ дар Камароб мебошад.

Бино ба иттилои вазорати умури дохила, Мулозайнулобиддин ахиран аз ҷониби нерӯҳои қудратӣ боздошт ва ба Душанбе интиқол дода шудааст. Додситонии кулли Тоҷикистон дар нишасти ахири матбуотии хеш хабар дод, ки чаҳор фарзанди Муллозайнулобиддин ҳамроҳи Алии Бедакӣ дар Сиёҳҷангал алайҳи нерӯҳои ҳукуматӣ меҷанганд.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, аз шурӯи амалиёти нерӯҳои қудратӣ дар Рашт ҳудуди 20 нафар аз аъзои гурӯҳи мусаллаҳи худсар дастгир ва кушта шудааст.

Аз шуруи амалиёти нерӯҳои низомии Тоҷикистон дар дараи Камароб наздики як моҳ мешавад, вале манобеи ғайрирасмӣ мегӯянд, ки ҳамагӣ 8 тан аз афроди гурӯҳи мусаллаҳ кушта шудааст.

Вазъи Рашт таҳти назорат аст

Дар нишасти намояндагони Кумиссюни байнипарлумони кишварҳои ЕврАзЭС раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар робита ба вазъи амниятӣ ва иқтисодии Тоҷикистон сӯҳбат кард ва аз ҷумла вазъи минтақаи шарқи кишварро шарҳ дод.

Сухангӯи Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов мегӯяд: «Шукурҷон Зуҳуров бо таваҷҷӯҳ ба вазъи минтақаи Рашт изҳор доштааст, ки ҳоло вазъият дар ин водӣ комилан ором буда, аз тарафи нерӯҳои давлатӣ назорат карда мешавад. Вай дар ин замина баён дошт, ки баъзе гурӯҳҳои ифротгарое ҳастанд, ки оромиву суботи ҳеҷ кишвареро намехоҳанд ва ҳамеша дар пайи ноором кардани манотиқи алоҳидаи ин кишварҳо ҳастанд».

Дар ҳафтаи гузашта Шукурҷон Зуҳуров зимни як сафари корӣ ба ноҳияи Рашт рафта буд ва масъалаи аслии ин сафар ҳам ба оромӣ даъват кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи худсар буд.

Дар ҷараёни сафари Шукурҷон Зуҳуров ҳудуди 30 тан аз афроди мусаллаҳ бо сардории Мирзохуҷа Аҳмадов, собиқ сардори шӯъбаи мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи минтақа, силоҳҳои худро ба замин гузоштанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG