Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай дар робита ба ояндаи сулҳи Афғонистон, ибрози хушбинӣ кардааст. Вай дар як мусоҳиба ташкили Шӯрои олии сулҳро як гоми муҳим дар роҳи барқарории субот хонда ва гуфтааст, ки ин шӯро ба унвони як ниҳоди мӯътабар, талошҳо барои барқарории сулҳро пеш мебарад.

Шӯрои олии сулҳ бар асоси пешниҳоди Ҷиргаи миллии машваратии сулҳ эҷод гардид. Ин шӯро то кунун ду бор ташкили ҷаласа дода ва дар он раиси шӯро баргузида шудааст, аммо интизор меравад дар рӯзҳои оянда касони дигар низ дар раддаҳои болоии ин шӯро қарор гирифта ва бахшҳои мухталифи раҳбарии умурро дар даст гиранд. Ҳамчунон қарор аст аст, ки имрӯз ин шӯро шеваи кории худро ниҳоӣ кунад.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ бо афғонҳо хоҳад буд

Раиси ҷумҳури Карзай дар мусоҳиба бо шабакаи "Алҷазира" дар ишора ба оғози коҳиши қувваҳои амрикоӣ дар моҳи июли соли 2011 гуфт, ки ҳадафи асосии ҷомеаи байналмиллалӢ барқарор кардани субот ва шикасти терроризм дар Афғонистон аст, ки ҳамчунон идома хоҳад ёфт ва моҳи июл ба ҳеҷ сурат, таърихи поёни маъмурияти ҷаҳон дар Афғонистон нест.

Борак Обама, раиси ҷумҳури ИМА дар моҳи декабри соли гузашта бо эъломи фиристондани 30 ҳазор аскари изофӣ ба Афғонистон тааҳҳуд кард, ки дар моҳи июли соли 2011, хуруҷи сарбозони амрикоӣ аз Афғонистон оғоз хоҳад ёфт.

Аҳамияти стратегии Афғонистон

Ҳомид Карзай ҳамчунин гуфта аст, ки Афғонистон аз манбаъҳои табии кофӣ бархурдор буда ва дар минтақа мавқеъияти стратегӣ дорад. Аммо ба гуфтаи вай, мутаассифона ин кишвар қувваи башарии кофӣ дар ихтиёр надорад.

Аммо оқои Карзай гуфтааст, ки ҳукумат талош мекунад то шароити беҳтари таълим ва тарбияро барои афғонҳо мусоид созад то ҷавонони афғон дар оянда ниёзе барои рафтан ба хориҷ надошта бошанд.

Ҳомид Карзай бар посух ба суоле гуфта аст, сахттарин рӯзҳои раёсати ҷумҳуриаш рӯзҳоеанд, ки хабари вуқӯъи талафоти мулкиро мешунавад ва хуштарин рӯзҳо барояш рӯзҳоеанд, ки дар оғози соли таълимӣ занги мактабро мезанад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG