Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати раҳбарони Сурия ва Арабистони саудӣ аз Ироқ


Раҳбарони Сурия ва Арабистони саудӣ аз мақомоти Ироқ даъват карданд, ки бо ширкати ҳама нерӯҳои асосии сиёсии кишвар ҳукумат таъсис кунанд. Ба андешаи шоҳи Арабистони саудӣ Абдуллоҳ ва раисиҷумҳури Сурия Башар Асад, фақат чунин ҳукумат метавонад ваҳдати миллӣ дар Ироқро таъмин намояд. Сарони Сурия ва Арабистони саудӣ дар мулоқот дар як мавзеъи канори Ар-Риёз вазъи Лубнон ва Ироқро баррасӣ карданд.
Раҳбарони сиёсии Ироқ баъд аз интихоботи парлумонӣ дар моҳи март наметавонанд дар мавриди таъсиси ҳукумат ба созиш бирасанд. Дар ҳамин ҳол яке аз довталабони курсии нахуствазири Ироқ Аёд Алловӣ рӯзи якшанбе дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии CNN мақомоти Эронро дар дахолат ба умури Ироқ ва талоши ноором намудани авзоъ дар Ховари Миёна айбдор кард. Гуфта мешавад, ки мавқеъи Эрон дар ҳалли бӯҳрони ҳукуматӣ дар Ироқ метавонад калидӣ бошад.
XS
SM
MD
LG