Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати боз се мусаллаҳи мухолифи ҳукумат дар Рашт


Дар минтақаи Рашти Тоҷикистон тайи ду рӯзи ахир се узви гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ кушта шуданд. Хабаргузории ИТАР-ТАСС бо такя ба Маркази матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон навиштааст, ки амалиёти вижа дар 20 километрии маркази ноҳияи Рашт, дар наздикиҳои дараи Камароб, сурат гирифт. Ба иттилоъи манбаъи хабаргузорӣ, яке аз мусаллаҳҳои кушташуда узви гурӯҳи Мулло Абдулло буд, ки дар Афғонистон тамрин дидааст. Ҳарсе нафар - зодагони минтақаи Рашт буданд.
ИТАР-ТАСС бо такя ба манобеъи худ дар яке аз ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон хабар додааст, ки мусаллаҳони халъи силоҳшуда бо низомиёни кишвар дар ҷустуҷӯи гурӯҳҳои ғайриқонунӣ ҳамкорӣ мекунанд. Дар бораи теъдоди афроде, ки ба ҳукумат таслим шудаанд, алҳол иттилоъи дақиқ зери даст нест.
XS
SM
MD
LG