Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи мотам дар як ноҳияи Краснодар


Имрӯз дар ноҳияи Туапсеи вилояти Краснодари Русия рӯзи мотам эълон шудааст. Тибқи иттилоъи ахиран расида, бар асари обхезӣ дар ин ноҳия 13 нафар ба ҳалокат расида, 9 каси дигар беному нишон ғайб задаанд. Қаблан дар бораи 14 қурбонии ин офати табиӣ хабар дода мешуд. То ин лаҳза ҳуввияти даҳ нафар аз қурбониёни обхезӣ мушаххас шудааст.
Бар асари боронгариҳои рӯзҳои ахир оби рӯдхонаҳо дар ноҳияи Туапсе аз соҳилҳо берун шуда, беш аз ҳазор манзил дар тақрибан бист деҳа ва чанд купруку хаттҳои интиқоли барқро хароб кард.
XS
SM
MD
LG