Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Думаи Маскав санаи баррасии номзадии Собянинро дақиқ мекунад


Интизор меравад, ки имрӯз Думаи шаҳри Маскав санаи баррасии номзадии Сергей Собянин ба мақоми мири шаҳрро дақиқ кунад. Владимир Платонов, раиси Думаи Маскав гуфт, ки тасмим дар ин бора аз сӯи комиссиюни ташкили кори Дума гирифта хоҳад шуд. Ӯ афзуд, ки райъдиҳии пинҳонӣ барои интихоби Сергей Собянин дар мақоми мири Маскав дар нишасти ғайринавбатии Думаи пойтахт сурат мегирад.
Рӯзи ҷумъа Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, номзадии муовини сарвазир Сергей Собянинро ба мақоми мири пойтахт барои баррасӣ ба Думаи Маскав пешбарӣ кард. Сергей Собянин дар ин мақом Юрий Лужковро иваз мекунад, ки бо амри раисиҷумҳур ва бо далели адами эътимоди сарвари кишвар аз маснадаш барканор шудааст.
XS
SM
MD
LG