Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бархӯрдҳои қавмиву сиёсии хунбор дар Қарочӣ


Бар асари силсилаҳамлаҳо ва бархӯрд миёни гурӯҳҳои сиёсиву қавмӣ дар шаҳри Қарочӣ, воқеъ дар ҷануби Покистон, дасти кам 25 нафар кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шуданд. Ҳамлаву бархӯрдҳо рӯзи якшанбе, ҳангоми баргузории интихоботи миёнадавраӣ ба маҷлиси минтақаӣ сурат гирифтанд. Намояндагони аҳзоби гуногун барои дарёфти курсии вакили пешини маҷлис Расо Ҳайдар талош карданд, ки моҳи август кушта шуда буд. Марги вакили маҷлиси минтақаӣ боиси нооромиҳо дар Қарочӣ гардид, ки бар асари он беш аз сад нафар ба ҳалокат расиданд.
Расо Ҳайдар узви ҷунбиши Муттаҳида Қавмӣ Мовумент буд, ки аз сӯи гурӯҳи қавмии муҳоҷирони урдӯ, мардуме, ки баъд аз тақсими Ҳиндустон дар соли 1947 ба ин сарзамин омада буданд, пуштибонӣ меёбад. Рақиби ин ҷунбиш – Ҳизби миллии Авомӣ, ки ҷонибдоронаш асосан пуштунҳои маҳаллиянд, интихоботро таҳрим ва мақомоти интихоботиро дар тақаллубу қонуншиканӣ айбдор намуд.
XS
SM
MD
LG