Пайвандҳои дастрасӣ

Аврупо аз имкони ҳамлаҳои террористӣ огаҳ шуд


Хадамоти кашфи Арабистони саудӣ кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупоро аз таҳия шудани ҳамлаҳои террористӣ аз сӯи мусаллаҳони “Ал-Қоида” огаҳ кард. Брис Ортефо, вазири умури дохилии Фаронса ба хабарнигорон гуфт, ки ин ҳушдор чанд рӯз қабл дастрас шудааст. Ӯ афзуд, тибқи иттилоъи мақомоти Арабистони саудӣ, созмони “Ал-Қоида” дар нимҷазираи Арабистон тасмим гирифтааст, ки дар кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла, дар Фаронса, ҳамлаҳои террористӣ анюом диҳад.
Чанд ҳафта пеш, баъд аз пахши хабарҳо дар бораи имкони таҳияи ҳамлаҳои террористӣ аз сӯи мусаллаҳони дар Афғонистон ва Покистон мустақари “Ал-Қоида”, сатҳи таҳдиди ҳамлаи террористӣ дар чанд кишвари аврупоӣ боло бурда шуда буд.
XS
SM
MD
LG