Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хабаргузории бонуфузи “Франс Пресс” дар як таҳлиле доир ба авзоъи амниятӣ дар водии Рашт навиштааст, амалиёти бузурги низомӣ бо ҳадафи решакан кардани тундравони исломӣ, заъфи дохили ҳукуматро ба намоиш гузошта ва хатари ноамнӣ дар минтақаро бештар кард.

Ин хабаргузорӣ навиштааст, ки моҳи гузашта ҳазорон сарбози артиши Тоҷикистон бо ҳимояти чархболу зиреҳпӯшҳо ба водии Рашт фиристода шуданд, то омилони ҳамлаи хунин ба сарбозони артиши миллиро нобуд кунанд. Аммо бо талафоти азим дар минтақаи кӯҳистонӣ ва бидуни зарбаи муассир ба тундравон ҳоло ба хатари доимӣ аз сӯи ин тундравон рӯ ба рӯ шудаанд.

Хатар боқӣ мемонад

“Франс Пресс” бо такя ба гуфтаҳои Абдулғанӣ Мамадазимов, раҳбари Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон навиштааст, “агар нерӯҳои давлатӣ қодир ба нобуд кардани тундравон дар муддати кӯтоҳ набошанд, он ҷангҷӯён ба осонӣ ба Афғонистон мераванд, то зимистонро паси сар кунанд ва баъдан фасли баҳор ба Тоҷикистон баргарданд.”

Ба гуфтаи Абдулғанӣ Мамадазимов, чунин навъи низоъҳо метавонад барои муддати тӯлонӣ идома кунад, зеро бо назардошти заъфи марзбонони тоҷик аз назари таҷҳизоту имконот ва ҳамчунин манотиқи душворгузар, то кунун қодир ба ҷилавгирии муассир аз вуруди қочоқбарон ва тундравон аз он тарафи марз набудаанд.

Хабаргузории “Франс Пресс”, бо ёдоварӣ аз ҷангҳои хунини дохилӣ дар солҳои 90 ум навиштааст, водии Рашт дар он солҳо як паноҳгоҳи маҳбуб барои тундравони мухолифи давлат ҳисоб мешуд ва то кунун минтақаи мазҳабӣ ва бисёр муҳофизакор ба шумор меравад.

Таҳдидҳо ба амнияти минтақа

Дар нооромиҳои ахир дар водии Рашт таври маълум 28 сарбози артиши миллӣ кушта шуданд ва авҷи амалиёт алайҳи тундравон 40 нафари дигар ва 36 нафарашон дар як рӯз ҷон доданд, ки шубҳаҳо доир ба қудрати нерӯҳои давлатӣ барои фӯру нишондани хушунатҳои эҳтимолиро боло бурд.

Александр Куллей, таҳлилгари амниятии минтақа аз Донишгоҳи Коламбияи Амрико ба хабаргузории “Франс Пресс” гуфтааст, хатароти амниятӣ ба Тоҷикистон ба хатми ҷанги дохилӣ ҳоло дар авҷи аъло расидааст ва ба амнияти тамоми минтақа таҳдид мекунад.

Ҷаноби Куллей афзудааст, “мо ҳоло шоҳиди тамоюли ноамнӣ дар минтақа шудаем ва ҳам шоҳиди ба ларза омадани сулҳи осебпазир ва суботи сиёсие, ки то ҳол Тоҷикистон дошт.” Ба гуфтаи Александр Куллей, ноамнии бештар дар Тоҷикистон, саҳнаи ҷанг дар Афғонистонро то ба кишварҳои собиқи шӯравӣ дар Осиёи Марказӣ васеътар хоҳад кард ва барои сиёсатгузорони дифоъии Амрико дар амри расидагӣ ба авзоъи бадтаршаванда, интихобҳои мушкиле пеш хоҳад овард.

Нахустин дастоварди ҳукумат

Аммо ҳоло мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар муқобила бо тундравон дастболо шудаанд ва Мирзохуҷа Аҳмадов, аз фармондеҳони собиқи мухолифин, ки ӯро ба ҳамла ба сарбозони давлатӣ муттаҳам медонистанд, силоҳи худро ба замин гузошта ва барои маҳви тундравон ба нерӯҳои давлат пайвастааст.

Аммо хабарнигори “Франс Пресс” менависад, сарбозони тоҷик дар даромадгоҳи водии Рашт аз шароити бади таъминоташон ва ҳам қудрати пинҳон шудани тундравон дар шароити кӯҳӣ шикоят мекунанд. Хабарнигор аз қавли як сарбоз менависад, “дар ин минтақа пайдо кардани тундравон мисли ҷустани сӯзан дар хирмани коҳ аст” ва бояд ҳар қадами он ҷустӯҷу шавад.”

“Франс Пресс” сипас ба нигарониҳои мардуми водии Рашт, пардохтааст, ки дар замони ҷангҳои дохилӣ вайрониву қурбониёҳои зиёдеро шоҳид шудаанд. Хабаргузорӣ аз қавли як сокини 69-солаи Рашт менависад, “ин зоғони сиёҳ, ки аз хориҷ омадаанд, оромии моро халалдор карданд ва мо метарсем, ки онҳо ба рустоҳои мо роҳ ёфта ёбанд. Мо намехоҳем, ки ҳодисаҳои хунини солҳои 90-ум, ки ҷони ҷавонони зиёдеро гирифт, такрор шавад», гуфтааст, он сокини Рашт ба хабаргузории “Франс Пресс”.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG