Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ваъдаи кумаки Ҳуго Чавез ба Белорус


Ҳуго Чавез ва Александр Лукашеко, раисониҷумҳури Венесуэла ва Белорус ҳини мулоқот дар Минск

Ҳуго Чавез ва Александр Лукашеко, раисониҷумҳури Венесуэла ва Белорус ҳини мулоқот дар Минск

Ҳуго Чавез, раиси ҷумҳури Венесуэла зимни боздид аз Ҷумҳурии Белорус ваъда дод, ки ин кишварро абадан бо нафти хом таъмин хоҳад кард.

Қарордоде бо арзиши тақрибан 20 миллиардолларӣ на танҳо ҳаҷми содироти нафти Венесуэларо афзоиш хоҳад дод, балки замонате буд барои Белорус, ки дар сурати бадтар шудани муносиботаш бо Русия бе нафти хом нахоҳад монд.

Ҳуго Чавез, ки рӯзи аз Минск дидан кард, ба раисиҷумҳур Александр Лукашенко, ваъда дод, ки кишвараш метавонад, полоишгоҳҳои нафтии Белорусро “барои 200 сол бо нафт” таъмин кунад. Раиси ҷумҳури оташнафаси Венесуэла, ки сиёсатҳояш Амрикоро ба хашм овардааст, муносибот бо кишварҳоеро пеша кардааст, ки мисли ӯ бо Амрико муносиботи хуб надоранд.

Созишномаи 20-миллиарддолларӣ

Барои Александр Лукашенко ваъдаи таъмини муназзами нафтро дар замони барояш муҳим гирифт, зеро равобиташ бо Русия - содиркунандаи аслии нафт ба Белорус чандон хуб нест. Александр Лукашенко, дар мулоқоти ҳайъатҳои ду тараф дар шаҳри Минск ба Ҳуго Чавез изҳори сипос кард а ва гуфт, кишвараш аз ӯ ва мардуми Венесуэла ҳимоят хоҳад кард.

Ҳуго Чавез ваъда дод, ки сар аз соли 2011 Венесуэла то се соли дигар Ҷумҳурии Белорусро солона бо 30 миллион тонна нафти хом таъмин хоҳад кард. Арзиши ин созишнома бештар аз 19 миллиард доллар будааст. Ҳуго Чавез, ки бо баёнияҳои муболиғаомез маъруф аст, гуфт, аз мушкилоти феълии таъмини сӯхти Белорус огаҳ аст ва афзуд, “полоишгоҳҳои нафтии Белорус то 200 соли оянда аз нафт танқисӣ нахоҳанд кашид.”

Ҳуго Чавез ба мушкилоти Белорус ишора мекард, ки ҳоло бо таъминкунандаи аслиаш Русия дорад. Русия солҳои тӯлонӣ газу нафти худро ба Ҷумҳурии Белорус арзонтар аз қимати бозорҳои ҷаҳонӣ мефурӯхт. Аммо баъдан аз он ба хашм омад, ки Белорус гази зиёдатии Русияро бо нархҳои бозори ҷаҳонӣ ба ҳамсояҳояш мефурӯшад.

Баҳси Белорус ва Русия

Моҳи июн Русия содироти газ ба Ҷумҳурии Белорусро коҳиш дод ва нигаронии кишварҳои Аврупои Ғарбиро барангехт, ки гази русиро аз тариқи қаламрави Ҷумҳурии Белорус мегиранд. Гузашта аз ин Русия қимати нафти хом барои Белорусро 36 дар сад боло бурд ва Белорус ҳам воридоти нафти русиро кам кард.

Русия саъй дошт, роҳи муомила бо Белорусро пеш гирифта ва нигарониҳои кишварҳои Аврупои Ғарбиро фӯру нишонад. Дар остонаи боздиди Ҳуго Чавез аз Ҷумҳурии Белорус, Владимир Путин, нахуствазири Русия аз ширкати давлатии “Газпром” хост, то дар масъалаи содироти газ ба Ҷумҳурии Белорус ба мувофиқа бирасад.

Дар мулоқот бо Лукашенко, Ҳуго Чавез гуфт, киштиҳои нафткаши кишвараш метавонанд, нафти хомро то бандарҳои баҳри Балтик ва ё Сиёҳ бирасонанд, ки аз онҷо бо қатор ё мошинҳои боркаш метавон ба осонӣ ба Ҷумҳурии Белорус интиқол дод. Ҳуго Чавез баъди боздидаш аз Русия вориди Минск шуд. Ӯ аз инҷо ба Украина ва сипас ба Эрону Сурия сафар мекунад.
XS
SM
MD
LG