Пайвандҳои дастрасӣ

Меркел: "Идеяи чандфарҳангӣ дар Олмон шикаст хӯрд"


Ангела Меркел, садри аъзами Олмон мегӯяд, талошҳо барои таъсиси ҷомеаи чандфарҳангӣ дар кишвараш “комилан шикаст хӯрдааст”. Зимни суханронӣ дар нишасти Ҳизби демократи масеҳӣ дар шаҳри Потсдам, ӯ гуфт: "Дар шаҳри Франкфурт, аз ҳар се кӯдаки то 5 сола, дутои онҳо хуни муҳоҷир доранд. Мо кишваре ҳастем, ки дар воқеъ аз оғози солҳои 1960 коргарони муҳоҷирро даъват кардем. Мо худро фиреб медодем, ки онҳо намеистанд ва як рӯз хоҳанд рафт, вале ҳоло онҳо бо мо зиндагӣ мекунанд. Идеяи чандфарҳангӣ, ки мо дар канори ҳам хушбахтона зиндагӣ мекунем, шикаст хӯрд, комилан шикаст хӯрд." Ангела Меркел аз муҳоҷирони муқими Олмон хост, барои ҳамоиш ба ҷомеаи кишвараш, бештар кӯшиш кунанд ва аз ҷумла ҳарчӣ зудтар забони олмониро ёд бигиранд. Ангела Меркел аз тарафи ҳизбаш таҳти фишор қарор гирифтааст, то нисбат ба муҳоҷирон сиёсати сахттареро пеш бигирад.
XS
SM
MD
LG