Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Дидор"-и синамогарон дар Душанбе поён ёфт


Дар шаҳри Душанбе “Дидор”, ҷашнвораи байналмилалии синамои Дидор поён ёфт. Ҷоизаи аслии ин ҷашнвораро, ки дар он филмҳои бештар аз 10 кишвар ба намоиш даромад, филми “Свет-ака”-и Актан Арин Қубат, коргардони қирғиз аз они худ кард. Филми мазкур достони дардолуди зиндагии мардуми як рустои дурдасти Қирғизистон аст, ки нерӯи барқи кофӣ надоранд. Дар ин филми вале омехта бо мазҳака мушкили дастрасӣ ба нерӯи барқ, ки гиребонгири мардуми Қирғизистону Тоҷикистон аст, тасвир шудааст. Ҷоизаро Гулбар Толомушова, узви Иттиҳоди синамогарони Қирғизистон, гирифт ва гуфт: “Ин ҷоиза барои ҳамаи қирғизҳо азиз аст. Онҳо ҳар рӯз барои ман нома менавиштанд, то агар хабаре шуд, ба онҳо бигӯям. Ҳоло ба ҳамаи онҳо смс мефиристам, чунки ин ҷоиза хеле азиз аст”. Фестивали “Дидор” рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта ифтитоҳ ёфт.
XS
SM
MD
LG