Пайвандҳои дастрасӣ

Виталий Кличко унвони қаҳрамониашро ҳифз кард


Виталий Кличко, муштзани маъруфи украинӣ, бо шикаст додани рақиби амрикоиаш Шеннон Бригс, унвони қаҳрамони ҷаҳон дар вазни болоро нигаҳ дошт. Ӯ рӯзи шанбе дар шаҳри Ҳамбурги Олмон дар даври 12-ум бар рақибаш дастболо шуд ва бори панҷум аст, ки унвони қаҳрамониашро ҳифз мекунад. Шенон Бригс, ки қабл аз бозӣ гуфт, ки Виталий Кличкоро мағлуб хоҳад кард, баъди шикасташ гуфт, рақиби украиниаш “муштзани бузург” ва шоистаи камабарбанди қаҳрамонӣ аст. Виталий Кличко то кунун 48 маротиба бар рақибонаш пирӯз омада ва танҳо ду маротиба шикаст хӯрдааст.
XS
SM
MD
LG