Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хат сайри нави Алмаато-Душанбе ифтитоҳ мешавад


Ба гузориши хабаргузории давлатии “Ховар”, ширкати ҳавопаймоии Остона Эйр, ба зудӣ хат сайри ҳавоии Алмаато-Душанберо ба роҳ меандозад. Замони оғози парвози ҳавопаймо эълом нашудааст, вале он ҳафтае се маротиба тавассути ҳавопаймои Эф 50 сурат мегирифтааст. Ба навиштаи “Ховар”, дар Душанбе намояндагии Остона Эйр таъсис шудааст ва парвозҳои транзитии мусофирон аз Тоҷикистон аз тариқи Алмаато ба кишварҳои дигар низ баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG