Пайвандҳои дастрасӣ

Таркишҳо дар Қандаҳор ду кушта бар ҷой гузошт


Бар асари чанд таркиш дар шаҳри Қандаҳори Афғонистон, дасти кам ду афроди мулкӣ ва кушта ва чандин тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Аз ҷумла як рикшаи ҳомили маводи мунфаҷира дар назди қароргоҳи пулис дар маркази шаҳр мунфаҷир шуд. Дар шарқи кишвар ситезаҷӯён як мошини маводи сӯхтро нобуд карданд. Дар ғарби Қандаҳор як мушаки партобкардаи ситезаҷӯён ба зиндон бархӯрд. Айни замон Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба Афғонистон ба раҳбарии НАТО эълом карданд, ки имрӯз ду сарбозашон дар ҷануб ва шимоли Афғонистон кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG