Пайвандҳои дастрасӣ

Аксари уламои ислом дар Тоҷикистон мегӯянд, шунидани мусиқие, ки инсонро ба фисқу фуҷур тела медиҳад, ҳаром аст. Аммо онҳо дар мавриди мусиқие, ки бо дину мазҳаб рабт мегирад, назари комилан дигар доранд.

Ҳоло дубора мавзӯи ҳаром ё муҷоз будани мусиқӣ дар дини мубини ислом дар миёни сокинони аксаран мусулмони Тоҷикистон ва он ҳам ҷавонон баҳс мешавад.

Баҳси ин мавзӯъ баъд аз консерти дар Душанбе барпокардаи Самӣ Юсуф, аз маъруфтарин хонандагони таронаҳои исломӣ дар ҷаҳони муосир ба сурати наве буруз кард, ки оё ҳама мусиқӣ ҳаром аст ва ё фақат онеаш ки хориҷ аз усули дин бошад?



Иддае аммо ҳамчунон шадидан мухолифи мусиқианд ва онро ҳаром мешуморанд. Ин гурӯҳ ба ин боваранд, ки худованд дар ояти шаши сураи “Луқмон” (“Баъзе аз мардум суханони лағву беҳударо интихоб мекунанд…”) ва паёмбар дар ҳадисҳои худ мусиқиро аз ҷумлаи амалҳои нораво донистаанд.

Домулло Фирдавс, фориғуттаҳсили яке аз мадрасаҳои Арабистони Саудӣ, ки бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, дар шарҳи як ҳадиси паёмбар чунин гуфт:

“Паёмбар гуфтаанд, харидану фурӯхтан, тиҷорат кардан бо он чизҳое, ки навохта мешаванд, яъне асбоби мусиқӣ, ҷоиз нест. Пули он ҳаром аст. Шахсе, ки бо мусиқӣ овора шавад, қасам ба зоте, ки маро паёмбар кардааст, дар ҳолати навохтани асбоби мусиқӣ шайтонҳо омада дар гардани ин нафар савор мешаванд ва бо пойҳои худ ба қалби навозанда мезананд...”

На ҳароми ҳаром...

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, руҳонии тоҷик
Аммо гурӯҳе низ ба ин боваранд, ки дини мубини ислом сареҳатан мусиқиро радд ё истиқбол намекунад.

Онҳо низ дар навбати худ аз ҳадисҳои паёмбар мисол меоранд, ки гӯиё ӯ монеи навохтани баъзе аз асбобҳои мусиқӣ, аз ҷумла найу даф нашудааст.

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, аз рӯҳониёни тоҷик, мегӯяд, дар Қуръону ҳадис, он гуна, ки баъзе аз муҷтаҳидин сахтгирона дар қиболи мусиқӣ ва анвоъи он сӯҳбат мекунанд, ишораҳо нарафтааст.

“Байни уламо ва донишмандон баҳс аст, дар худи Қуръон лафзи сареҳе нест. Дар ҳадисҳо низ мамнӯъияти сахте нест. Дар як ҷо ривояте аз ҳазрати Умар ҳаст, ки гӯиё овози найро шунида, гӯшҳояшро пӯшида бошад. Ин амалҳои саҳобаҳо аст”,-афзуд ӯ.

Ҷоиз, агар ба фаҳш набарад...

Бо ин вуҷуд, Шӯрои уламои маркази исломӣ, танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон, ҳам дар ин бора мавқеи мушаххас надошта ва ҳам нагуфтааст, ки бояд сокинони мусулмони кишвар мусиқиро гӯш кунанд ё накунанд. То ба ин васила ба ин баҳси печдармиён дар кишвар нуқта гузошта шавад.

Аммо Юсуф Қарзовӣ, донишманди саршиноси ҷаҳони ислом, ки аксарият бар пояи фатвои ӯ кор мегиранд, мусиқиро аз ҷумлаи таййибот, яъне зебоиҳо шинохтааст. Ба гуфтаи баъзе аз шореҳон, вале манзури Қарзовӣ ин набудааст, ки ҳама навъи мусиқӣ зебоиянд.

Балки ба гуфтаи онҳо, ҳадаф аз қавли Қарзовӣ, мусиқиест, ки рӯҳнавоз бошаду тавассути он одамон на ба роҳи бад, балки бештар ба роҳи нек ҳидоят шаванд.

Яъне, як гурӯҳи донишмандон, ки аз онҳо ба унвони донишмандони мӯътадил ном бурда мешавад, мӯътақиданд, ки мусиқӣ ҷоиз аст, аммо ба шарте ки сабаби фаҳш ва бадахлоқӣ набошад.

Мусиқиҳои муосир манъ шаванд?

Тоҷикистон аз рӯйи Қонуни асосияш кишвари дунявист. Аммо он гуна, ки мақомот мегӯянд, бештар аз навад дарсади мардум аз дини мубини ислом пайравӣ мекунанд.

Бинобар ин, баъзе аз уламо пешниҳод доранд, ки бояд давлат аз рушди мусиқиҳое, ки боис ба ангезиши ҳама гуна фаҳшу фуҷур мешавад, ҷилавгирӣ кунад.

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад мегӯяд, набояд аз мавқеи донишмандони мӯътадили дини ислом, ки бо вуҷуди накӯҳишҳо шунидани мусиқӣ ва навохтани асбобҳои мусиқиро ҷоиз шуморидаанд, сӯистифода шавад.

“Мусиқиҳои муосир, ки мардумро ба гумроҳиву ғалат мебаранд, манъ карданашон беҳтар аст. Бубинед, баъзе аз мардум аз шаб то рӯз ба мусиқӣ машғуланд ва як бор ёди Худо намекунанд. Воқеан, ин барои мусулмон муносибу шоиста нест”,-мегӯяд ӯ.

Садои тир беҳтар ё садои най?


Бо ин ҳол, дар Тоҷикистон кам касеро пайдо кардан мумкин аст, ки мухолифи мусиқист.

Аксарият дар кишвар мусиқиро пайванди зиндагӣ ва оромиши рӯҳи худ медонанд.

Шоира, хонуме исломист, аммо оҳанг менависад. То кунун даҳҳо тан аз овозхонҳои тоҷик оҳангҳои ӯро иҷро кардаанд.

Ӯ ба ақидаи баъзе аз рӯҳониён, ки мусиқӣ ва мусиқинавозонро маҳкум мекунанд, ризо буда наметавонад. Балки ба гуфтаи вай, мусиқӣ нерӯест, ки онро намешавад нодида гирифт.

Худи овозхонҳо низ мусиқиро ҳаром намедонанд ва мегӯянд, баръакс, онҳо талош доранд, ки тавассути иҷрои оҳангҳо паёмбари ислом ва дини мубини исломро тавсиф кунанд.

“Таронаҳои мазҳабӣ тарбиятгаранд”

Самӣ Юсуф, сарояндаи маъруфи таронаҳои мазҳабӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон гурӯҳҳое пайдо шудаанд, ки бо зарби мусиқиҳои муосир матнҳои диниро мехонанд. То ин дам Зикри Оллоҳ, Парвина Шукруллоева, Садриддини Наҷмиддин, Шабнами Сурайё, Ҷонибеки Мурод ва чанд тани дигар аз овозхонҳои ёстрадии тоҷик сурудҳои мазҳабӣ хондаанд.

Аммо Парвина Шукруллоева, ки суруди алмуаллими Самӣ Юсуфро бозхонӣ мекард, ба далели ин ки либосҳои мувофиқ ба дини исломро надошт, бо интиқоди шадиди диндорон ру ба рӯ шуд. Ба ин далел Шабнами Сурайё ҳангоми ҳамроҳи Ҷонибеки Мурод иҷро кардани оҳанги Аллоҳу либоси назар ба обқи либосҳои саҳнавиаш хеле хоксоронатар ба тан кардаву ба сараш рӯймоли дароз ҳам андохт.

Муҳаммадсобири Файзиддин аз овозхонҳоест, ки худро пайрави Самӣ Юсуф, нашидхони маъруфи ҷаҳони ислом медонад, ки ахиран дар Тоҷикистон ҳам барномаи ҳунарӣ иҷро кард.

Муҳаммадсобир мегӯяд, вай бар ин назар аст, ки агар мусиқӣ ва матни тарона насиҳативу тарғибгари ахлоқи некӯ бошад, на ба зарар, балки ба манифати кор хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол, аксарият Самӣ Юсуфро мисол меоранд, ки дар чанд соли ахир тавонистааст тавассути оҳангҳои худ фарҳанги исломиро тарғиб кунад ва паёми худро аз тариқи мусиқӣ бирасонад.

Маҳбуби Ганҷалӣ, шореҳи мусиқӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, дар ин роҳ Самӣ Юсуф муваффақиятҳо доштааст. Аз як сӯ ба гуфтаи ӯ, Самӣ Юсуф худро ҳамчун нафари муосир ва аз тарафи дигар исломро тавонистааст, ки муаррифӣ кунад. Яъне ҳам ба шарқ писанд ояду ҳам ба ғарб.

Муноҷот + мусиқӣ

Дар ҳамин ҳол, ба қавли шореҳони мусиқӣ дар Тоҷикистон аз даврони пеш хондани муноҷот ва наът хеле маъруф будааст, ки дар аксари вақт бо навохтани асбобҳои мусиқӣ анҷом мешудааст.

Аммо гуфта мешавад, ки наътхонӣ дар даврони Шӯравӣ ба муборизаи коммунистҳо рӯ ба рӯ шуд.

Комуннистҳо дар даврони шӯравӣ талош карданд, ки аз наътхонии гурӯҳе ҷилавгирӣ шавад, чун онҳо ба хубӣ медонистанд, ки мазмун ва мундариҷаи наътро асосан тавсифу таърифи пайғамбару ёрони ӯ ташкил медоданд.

Султони Ҳамад, муассиси пойгоҳи интернетии Рӯзгор нуқта ти ҷей мегӯяд, ҳатто дар даврони шӯравӣ мақомоти амниятӣ наътхонҳоро азият мекарданд.

Танҳо дар як соли пеш мақомоти Тоҷикистон фестивали наътхонҳо дар кишварро баргузор карданд ва як навъ арҷгузорӣ ба наътхониро намоиш доданд. Умари Темур, Муҳамадсаиди Аҳмад ва шодравон Тағоймуроди Хушвақт мулаққаб ба Қории Ёвонӣ аз наътхонҳои маъруфи кишваранд.

Наът, аммо бидуни мусиқӣ

Қорӣ Наимҷон, ки аз соли 1991 ба ин сӯ дар шимоли кишвар муноҷотхонӣ мекунад, ҳаргиз аз мусиқӣ истифода накардааст.

Вай бо вуҷуди ин ки мусиқиро ҳаром намедонад, вале мегӯяд, талош кардааст мардумро на ба оҳанг, балки бештар ба матни муноҷот ҷалб кунад.

Бо ин ҳол, бархӯрди манфӣ ба мусиқӣ аз тарафи мусулмонони Тоҷикистон ҳанӯз дар ибтидои солҳои 1990-ум зимни даъватҳои манъи таронаву рақс дар арӯсиҳо ва иваз кардани онҳо бо ваъзу наът ё сӯҳбатҳо аз "Қуръон"- у "Ҳадис" садо додаанд.

Баъд аз ҷанги солҳои 1992-1997-и Тоҷикистон чунин даъватҳо коҳиш ёфтанд, вале солҳои охир насли ҷавони исломгароёни тоҷик дар паёмҳои худ мусиқиро ҳаром мешуморанд.

Вале баръакси ин даъватҳо, имрӯз ҳатто дар зери сабти мавъизаи баъзе аз рӯҳониёни маъруфи тоҷик оҳанг мегузоранд, то он ба насли наврас бештар писанд ояд.

Яъне, ба воситаи мусиқӣ талош доранд, ки амри маъруфҳоро ба дасти ҷавонон бирасонанд ва имрӯз ин амри маъруфҳои мусиқидор занги телефонҳои мобилии гурӯҳе аз ҷавононро низ иваз кардааст.

Вале Эшони Нуриддин дар бахши саволу ҷавоб дар сомонаи интернетии Тӯраҷон нуқта ком гуфтааст, ки “Аслан тарафдор нестам, ки дар мавъизаҳо мусиқӣ гузоранд. Зеро дар мавъизаҳо баъзан ояҳои Куръон хонда мешавад, ки аз назари шариат омехта кардани тиловати Куръон бо мусиқӣ тамоман дуруст нест.”

Мавъиза ба муқобили мусиқӣ ё баръакс?

Ҳамин тавр, мухолифон ва ҷонибдорони мусиқӣ мисли мухолифон ва ҷонибдорони ришу ҳиҷоб боқӣ мемонанд.

Б аҳар ҳол, ҳоло дар Тоҷикистон дар як раф ҳам дсикҳои амри маъруфи рӯҳониён ва ҳам дсики сурудҳои ҳофизонро мефурӯшанд.

Вале ин гуфтумон дар ҳолест, ки дар аксари шаҳру навоҳии Тоҷикистон акнун дар маъракаи оиладоршавии ҷавонон амри маъруф ва мавъизаи рӯҳониён ҷойи мусиқӣ ва рақсу бозиро гирифтааст.

Дар ин гуна маъракаҳо аксаран на ҷавонон, балки бештар миёнсолону пиронсолон нишаста, ба насиҳат ва андарзу тафсилоти баъзе аз масоили исломӣ мепардозанд ва ҳамчунин ба суолоти мардум дар бораи ҷузъиёти фароизи ислом посух медиҳанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG