Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Свет-ака” барандаи ҷоизаи “Дидор-2010” шуд


Комрон Шердил, раиси доварони "Дидор"-2010 шоҳҷоизаро ба Гулбар Толомушова, намояндаи Қирғизистон, месупорад
Комрон Шердил, раиси доварони "Дидор"-2010 шоҳҷоизаро ба Гулбар Толомушова, намояндаи Қирғизистон, месупорад

“Свет-ака”, филми сохтаи Актан Арин Кубат, коргардони қирғиз, барандаи ҷоизаи аслии ҷашнвораи байналмилалии “Дидор-2010” дар шаҳри Душанбе шуд. Ин филми коргардони қирғиз дар бораи ҳаёти мардуми як деҳаи дурдасте дар Қирғизистон нақл мекунад, ки бо мушкили барқ рӯ ба рӯянд.

Мутахассиси барқи ин деҳа бо лақаби Свет-ака ба сокинон кӯмак мекунад, то ҳисоби барқи онҳо камтар шавад. Вай орзу дорад, ки дар назди деҳаашон, бо истифода аз нерӯи бод нерӯгоҳи барқӣ сохта ва ҳамдеҳагонашро бо нерӯи барқи арзон таъмин кунад.

Ин филм агар аз як сӯ мушкили дастрасӣ ба барқ, як мушкили аслии сокинони ҳам Қирғизистон ва ҳам Тоҷикистонро ба намоиш гузорад, аз тарафи дигар хеле хандаовар сохта шудааст. Хандаовар, аммо дардолуд.

Вале худи Актан Арин Кубат, коргардони ин филм, ҳангоме ки номаш ба унвони барандаи ҷоизаи аслии ҷашнвораи “Дидор-2010” эълон шуд, ҳузур надошт.

Ин ҷоизаро Гулбар Толомушова, узви Иттиҳоди синамогарони Қирғизистон, ки довари ин ҷашнвора буд, гирифт ва гуфт, ки “ин ҷоиза барои ҳамаи сокинони Қирғизистон муҳим аст.”

“Ин ҷоиза барои ҳамаи қирғизҳо азиз аст. Онҳо ҳар рӯз барои ман нома менавиштанд, то агар хабаре шуд, ба онҳо бигӯям. Ҳоло ба ҳамаи онҳо смс мефиристам, чунки ин ҷоиза хеле азиз аст”,-афзуд ӯ.

Ҷоизаи "беҳтарин коргардон"

Ҳамчунин, Маҷиди Барзгар, синамогари Эрон, дар бахши “беҳтарин коргардон” барои филми “Фасли боронҳои мавсимӣ” ва Басир Сангӣ, коргардони афғон дар бахши достонҳои кӯтоҳ барои филми “Роҳи якҷониба” соҳиби ҷоиза шуданд.

Алӣ Ҳамроев, синамогари маъруфи узбак дар Иттиҳоди Шӯравӣ ва аз доварони чорумин ҷашнвораи байналмилалии “Дидор” дар Душанбе, ҳангоми супоридани ҷоиза ба Басир Сангӣ, коргардони афғон гуфт, “ин ҷоиза барои бозтоби мушкили ифротгароии динӣ супорида мешавад.”

Маҷиди Барзгар, коргардони эронӣ, ки ҳамакнун ҳамчун беҳтарин коргардон дар ҷашнвораи “Дидор” муаррифӣ шуд, гуфт, “Хеле хушҳолам, ки дар “Дидор” филмам мавриди таваҷҷӯҳи доварон қарор гирифт. Хеле хушҳолам. Филмҳои хуберо дидам. Фикр намекардам, ки ҷоиза бигирам. Вале шуд”.

“Фасли боронҳои мавсимӣ” аз ҳаёти ҷавони шонздаҳсолае ҳикоят мекунад, ки дар натиҷаи ҷудоии волидонаш дар миёни обу оташ мондааст.

Соҳибҷоизаҳои дигар

Чорумин ҷашнвораи байналмилалии “Дидор”, ки рӯзи 12-уми октябр дар шаҳри Душанбе, дар кинотеатри “Зебуннисо” оғоз ёфт, дар он даҳҳо филм аз Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Русия, Қирғизистон, Гурҷистон, ва ҳамчунин Узбакистон иштирок доштанд.

Дар ин ҷашнвора филми “Фарзанд” ё “Сынок” сохтаи Лариса Садилова, коргардони рус, “Соҳили Дигар”, сохтаи Георгий Овашвили, коргардони гурҷӣ, низ мавриди истиқболи ҳам бинандагон ва ҳам доварон қарор гирифта, соҳибҷоиза шуданд.

То ин дам дар ин ҷашнвора ҷоизаи махсус барои беҳтарин ҳунарпеша мавҷуд набуд. Вале доварон гуфтанд, ки ҷоиза барои беҳтарин ҳунарпешаро онҳо ташкил доданд ва ин ҷоиза насиби Виктор Сухароков гардид.

Филмҳои тоҷикӣ дар "Дидор"

Бо вуҷуди ин ки аз Тоҷикистон ҳам филмҳои зиёде дар бахши филмҳои мустанад ва достонҳои кӯтоҳ ба намоиш гузошта шуданд, вале танҳо филми сохтаи Гуландом Муҳаббатова ва Далер Раҳматов - «Бигзор ин ҳама хоб бошад» ҷоизаи вижаи “Рухом”-ро ба даст овард.

Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон, гуфт, “синамобазми “Дидор” барои рушди кинои тоҷик низ бетаъсир нахоҳад буд.”

Ҷашнвораи “Дидор” нахустин бор дар соли 2004 ба унвони синамобазми кишварҳои форсизабон ва бо талошҳои синамогарони тоҷику афғону ёронӣ, ки дар миёни онҳо бештар аз Мӯҳсини Махмалбоф ном бурда мешавад, ташкил шуд.

Баъдан ба ин қатор синамогарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Русия ва Гурҷистон низ ҳамроҳ шуданд.

Қарор буд, ҷашнвораи имсолаи “Дидор” дар Афғонистон доир шавад, вале ба далели масоили амниятӣ ин навбат ҳам Тоҷикистон мизбони “Дидор” буд.

Сафари Ҳақдод ва Саъдулло Раҳимов, дастандаркорони ин ҷашнвора, ки дар хотимаи “Дидор-2010” гуфтанд, ки акнун барои ташкили панҷумин ҷашнвора омодагиро оғоз мекунанд. Вале бо ин ҳол гуфта нашуд, ки ин фестивал кай ва дар куҷо баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG