Пайвандҳои дастрасӣ

Сергей Собянин- шаҳрдори нави Маскав


Сергей Собянин-шаҳрдори Маскав

Сергей Собянин-шаҳрдори Маскав

Он чӣ ки қаблан коршиносон ва таҳлилгарон дар бораи мири ояндаи шаҳри Маскав ҳадс мезаданд, ба воқеият табдил шуд. Баъд аз барканории шаҳрдори пешин Юрий Лужков, бештари коршиносон ба муовини сарвазир Сергей Собянин чун номзади эҳтимолӣ ба ин мақом ишора мекарданд.

Шоми рӯзи ҷумъа Дмитрий Медведев эълом дошт, ки аз феҳристи номзадҳои пешбарикардаи ҳизби “Русияи воҳид”, ӯ Сергей Собянинро ба мақоми мири пойтахт баргузидааст.

Ҷойгузини Юрий Лужков

Номзадии Собянин бояд рӯзи душанбе дар нишасти ғайринавбатии Думаи Маскав пазируфта шавад ва коршиносон мегӯянд, ки ин аз расмиёт бештар нахоҳад буд.

Сергей Собянин дар мақоми мири шаҳри Маскав Юрий Лужковро иваз хоҳад кард, ки рӯзи 28 сентбяр бо амри раисиҷумҳур Медведев ва бо далели адами эътимоди сарвари кишвар аз маснад барканор шуд. Ба гуфтаи коршиносон, Лужков Маскавро аз як пойтахти сарди шӯравӣ ба шаҳри пуршӯру муҷаллал табдил дод.

Мири пешини Маскав тайи тақрибан 20 соли фаъолияташ дар ин мақом бо якравӣ ва афкори мустақилаш борҳо бо роҳбарони кишвари вориди баҳсҳои тунд шуда буд ва яке аз охирин сиёсатмадорони воломақоме буд, ки таҳти назорати Кремл қарор надошт. Ва аммо гуфта мешавад, ки Лужков ба фасод ҳам олуда буд ва тобистони соли равон барои худро аз ҳалли мушкили шаҳри гирифтори дуди сӯхтор канор кашиданаш мавриди интиқод қарор гирифт.

Кремл шахси барои худ “боэътимод”-ро баргузид

Дар қиёс бо мири пешини Маскав, Сергей Собянин бо раисиҷумҳур Дмитрий Медведев ва сарвазир Владимир Путин робитаи наздик дорад. Ӯ ҳамчунин шахси якрав нест ва дар муқоиса бо Лужков барои ақидаҳои худ пойфишорӣ ҳам намекунад. Сергей Митрохин, раиси “Яблоко”, ҳизби мухолифи ҳукумат, мегӯяд, ки Кремл талош кардааст то дар садри шаҳри Маскав шахси боэътимодро гузорад.

Дмитрий Медведев дар мулоқот бо Сергей Собянин хостори он шуд, ки иқтисоди пойтахт рӯшод ва бештар рақобатпазир бошад. Ӯ ҳамчунин аз мири оянда талаб намуд, ки рӯи мубориза бо фасод тамаркуз кунад.

Ба гуфтаи Медведев, “яке аз он мушкилиҳо, ки мо бояд дар борааш ошкор ва сидқан ҳарф занем, ин фасод аст. Мутаассифона дар самти мубориза бо фасод корҳои зиёде анҷом наёфтаанд. Дар баъзе ҳолатҳо мо муомилотеро мебинем, ки ҳадди аққал то куҷо қонунӣ будани онҳо дар зеҳн суолҳоро пайдо мекунад”.

Интихоботи бидуни интихоб

Сергей Собянин соли 1958 дар деҳаи Нияксимволи минтақаи Ханти-Мансийск ба дунё омадааст. Ӯ мири шаҳри Когалим ва волии вилояти Тюмен буд. Аз соли 2005 ба ин сӯ, дар мақомҳои раиси дафтари раисиҷумҳур ва муовини сарвазири Русия фаъолият кардааст.

Сергей Собянин раиси ситоди интихоботии Дмитрий Медведев дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2008-ум буд.
Дар ҳамин ҳол коршиносон ва сиёсатмадорони мухолифи ҳукумат ба тавонмандии Собянин барои идораи пойтахт шубҳа мекунанд.

Раҳбари “Яблоко” Сергей Митрохин мегӯяд, чун мири нав аз мардумии бумии Маскав нест, шояд бо мушкили дарёфти эътимоди сокинони шаҳр рӯбарӯ шавад. Аз сӯи дигар, бархе вакилони Думаи Маскав аз он шиква мекунанд, ки онҳо аз имкони интихоби мири шаҳр маҳрум мондаанд ва раъйдиҳӣ дар Дума бидуни рақобат сурат мегирад.

Шаш сол пеш, замони қудрати Владимир Путин, интихоботи раҳбарони манотиқи Русия аз байн бурда шуд ва акнун курсии сарони вилояту ҷумҳуриҳо ва аз ҷумла, шаҳри Маскавро намояндаи ҳизбе соҳиб мешавад, ки дар интихоботи маҳаллӣ пирӯзӣ ба даст овардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG