Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барои бори нахуст, раёсати минтақавии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар водии Рашт ташкил хоҳад ёфт. Як манбаъ дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ин раёсат шӯъбаҳои милисаи панҷ ноҳия дар ин водӣ - Нуробод, Тоҷикобод, Тавилдара, Ҷиргатол ва Ғармро низ таҳти назорат мегирад.

Ба гуфтаи ин манбаъ, мақоми ин идора баробар бо мақоми раёсати вилоятӣ хоҳад буд. Вале дар бораи ҷузъиёти идораи нав иттилоъи зиёд дар даст нест.

Иқдоми дерҳангом вале дуруст

Аммо бештари коршиносони умури сиёсӣ, ташкили раёсати умури дохилӣ дар Раштро ба ҳодисаҳои ахир дар ин минтақа рабт медиҳанд ва мегӯянд, ноамниҳои соли гузашта ва таҳаввулоти дараи Камароб дар соли равон, ҳукуматро ба гирифтани чунин тасмими муҳим водор кардааст.

Ҳикматулло Сайфуллозода
Ҳикматулло Сайфуллозода, таҳлилгари маркази таҳлилии “Диалог”, мегӯяд, ин раёсат аз шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта дар ин водӣ, ки Мирзохӯҷа Аҳмадов то соли 2008 сарварии онро бар дӯш дошт фарқ мекунад ва бештар барои ба низом даровардани амнияту оромӣ дар минтақа муваззаф хоҳад буд.

“Дигар на танҳо корҳои ҷиноӣ, балки низоми субот ва оромӣ ва ҳар кори дигаре, ки дар он ҷо мегузарад, ин раёсат зери контрол хоҳад гирифт. Албатта, авзоъи феълӣ тақозо кард, ки чунин як кор бошад ва эҳтимол барои дурнамо низ як чунин тасмим гирифта шудааст”, илова кард ӯ.

Сайфулло Сафаров, муовини раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ташкили ин раёсатро барои муқобила бо нерӯҳои хориҷӣ дар шарқи кишвар муҳим арзёбӣ кард.

Вай гуфт, “пас аз чанде сохтмони роҳи Душанбе-Ваҳдат-Ҷиргатол-Қирғизистон ба анҷом мерасад, ки дар пайи он рафту омад ба минтақаи шарқи кишвар зиёдтар мешавад ва будани раёсати умури дохилӣ ба манфиат аст.”

Cайфулло Сафаров
“Дар ҳақиқат бояд яке аз раёсати нерӯманд дар ин минтақа ташкил шавад. Ба хотири ин, ки ин роҳ кушода аст ва нерӯҳои гуногуни ҷинояткор аз Қирғизистон ва Афғонистон метавонанд ба воситаи кӯҳҳо гузаранд ва нооромиҳоро ба вуҷуд оранд. Ин омилҳо сабаб шудааст, ки ин масъала аҳамият пайдо кунад
”,-афзуд ӯ.

Вале баъзе аз манобеъ мегӯянд, ташкили раёсати умури дохилӣ дар Рашт пешниҳоди ҷониби мухолиф барои музокира бо ҷониби ҳукумат будааст.

Ниҳоди навро кӣ раҳбарӣ хоҳад кард?

Онҳо мегӯянд, Шоҳ Искандаров, ки ҳамакнун ҳамчун миёнарави намояндагони ҳукумат ва гурӯҳи марбут ба Мирзохӯҷа Аҳмадов муаррифӣ мешавад, раҳбарии ин раёсатро ба ӯҳда хоҳад гирифт.

Аммо дар вазорати умури дохилии Тоҷикистон тавофуқ бар сари таъйини Шоҳ Искандаров, аз размандагони собиқи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин, ба раҳбарии раёсати умури дохилӣ дар Раштро рад карданд.

Гуфта шуд, ки то ҳол дар бораи кӣ раҳбар шудани ин раёсат иқдоме гирифта нашудааст.

Бо ин вуҷуд, баъзе аз коршиносон мегӯянд, қарор аст давлат дар ин раёсат муҷоҳидини собиқро, ки ҳамакнун гуфта мешавад бо намояндагони ҳукумат вориди музокира шудаанд, ҷалб карда ва аз нерӯи онҳо ба муқобили гурӯҳҳои хориҷӣ истифода кунад.

Аммо Абдуғанӣ Мамадазимов, раҳбари Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, мегӯяд, ҳукумат наметавонад раҳбарии ин раёсатро, ки аз нерӯи зиёди полис бархӯрдор хоҳад буд, ба собиқ размандагон супорад: “Зеро мақоми раёсат болост ва ҷанбаи ҷумҳуриявӣ дорад. Ин як фронти “долу зарб” аст. Барои ҳамин, албатта, нафаре аз Душанбе бояд фиристода шавад.”

Оромии нисбӣ дар Рашт

Дар ҳамин ҳол, мақомот вазъ дар минтақаи шарқи Тоҷикистонро, ки дар як моҳи гузашта вахим ба назар мерасид, ором арзёбӣ мекунанд.

Онҳо мегӯянд, то ҳоло ҳудуди сӣ нафар аз гурӯҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов, ки мақомот онҳоро барои ҳамла ба корвони мошини Вазорати дифоъ дар дараи Камароб муттаҳам мекарданд, пешниҳоди ҷониби давлат барои музокираро пазируфта, силоҳҳои худро ба замин гузоштаанд.

Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, ки ба минтақаи Рашт сафар доштанд, ҳамчун музокиракунандагони ҷониби давлат бо мухолифон дониста мешаванд.

Вале дафтари матбуоти Маҷлиси Намояндагон дар як номае, ки фиристодааст аз ширкати Шукурҷон Зуҳуров дар музокира бо нерӯҳои мухолиф ёдоварӣ накардааст.

Ҳамчунин, телевизионҳои Тоҷикистон агарчӣ сӯҳбати Шукурҷон Зуҳуров бо сокинони минтақаи Раштро дар шоми 15-уми октябр намоиш доданд, вале дар бораи музокира ва ҳамчунин шеваи супоридани силоҳи мухолифин чизе нагуфтанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG