Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собянин ҳамзамон ду мақомро ишғол нахоҳад кард


Сергей Собянин баъди пазируфта шуданаш дар мақоми мири шаҳри Маскав, курсии муовини сарвазири Русияро тарк мекунад. Дар ин бора Наталя Тимакова, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, хабар дод. Аз ин пеш баъзе коршиносон ҳадс зада буданд, ки шояд Собянин баъди мири Маскав интихоб шудан ҳам мақоми муовини сарвазири Русияро низ ҳифз кунад.
Шоми дирӯз Дмитрий Медведев эълом дошт, ки номзадии Сергей Собянинро барои баррасӣ ба Думаи пойтахти Русия пешбарӣ кардааст. Интизор меравад, ки интихоби раиси нави шаҳр рӯзи душанбе дар нишасти ғайринавбатии Думаи Маскав сурат бигирад.
Сергей Собянин дар мақоми мири Маскав Юрий Лужковро иваз хоҳад кард, ки бо амри раисиҷумҳур ва бо далели адами эътимоди сарвари кишвар курсии шаҳрдори Маскавро тарк намуд.
Кафили мири Маскав Владимир Ресин аллакай изҳор намуд, ки дар сурати даъват аз сӯи Собянин ӯ барои кор дар ҳукумати нави Маскав омода аст.
XS
SM
MD
LG