Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 20 нафар дар таркише дар кони ангишти Чин


Бар асари таркиш дар як кони ангишти вилояти Хэнани Чин дасти кам 20 нафар ба ҳалокат расида, 17 каси дигар беному нишон ғайб задаанд. Бар пояи иттилоъи Маркази миллии наҷотбахшии Чин, ҳангоми инфиҷор 267 ангишткан дар ин кон машғули кор буданд.
Соли гузашта бар асари садамаҳо дар конҳои ангишти Чин беш аз 2 ҳазору 600 нафар ба ҳалокат расиданд. Ба иттилоъи расонаҳои Чин, мақомот имсол беш аз 1600 кони ғайриқонуниеро бастанд, ки дар онҳо меёъерҳои бехатарӣ риоя намешуд.
XS
SM
MD
LG