Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ИМА аз идомаи бунёди манозил аз сӯи Исроил дилсард аст


ИМА эълом дошт, ки аз тарҳи Исроил барои идомаи бунёди манозил дар маҳаллаҳои яҳудинишини Байтулмуқаддаси шарқӣ дилсард аст. Ба гуфтаи Филипп Кроулӣ, намояндаи вазорати умури хориҷии Амрико, Вошингтон нигарони сарнавишти музокироти сулҳи миёни Исроилу Фаластин мебошад. Ӯ гуфт, ки "хабарҳои расида дар бораи тарҳҳои нав дар Байтулмуқаддаси шарқӣ моро дилсард сохтааст. Ин мухолифи талошҳои мо барои эҳёи музокироти мустақим миёни ду ҷониб аст".
Ин ҳафта Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, расман бунёди 238 хонаи нав дар Байтулмуқаддаси шарқиро пазируфт. Соҳиб Эракот, раҳбари ҳайати Фаластин дар музокирот бо Исроил, гуфт, ки ин тасмим баёнгари талошҳои Исроил барои аз байн бурдани ҳама гуна имкони эҳёи раванди сулҳи Ховари Миёна аст.
XS
SM
MD
LG