Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзбони ӯзбак сӯи шаҳрванди Тоҷикистон тир андохт


Эркин Мирзоалиев, як сокини ноҳияи Спитамен, ҳангоми бозгардони чорвояш дар марзи Тоҷикистон бо Ӯзбакистон ҳадафи тири марзбонҳои ӯзбак қарор гирифтааст. Як манбаъ аз вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “дар натиҷаи ин тирандозӣ шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳат бардошта, ҳоло дар беморхонаи марказии ноҳияи Спитамен бистарист.”
Зимнан, ин аввалин ҳодисаи тирандозии марзбонҳои ӯзбак сӯи мардуми осоишта дар рӯзҳои ахир нест. Аз ин пеш дар наздикиҳои деҳаи Каитпаси ноҳияи Қадамҷой, воқеъ дар марзи Ӯзбакистону Қирғизистон, сарҳадбони ӯзбак сӯи Алмос Ёроев, ки дар ҷустуҷӯи чорво иштибоҳан аз марз убур кард, тир андохт. Ёроев ба таври оҷил ба бемористон интиқол ёфт ва ҷарроҳӣ шуд. Ба гуфтаи Ёроев, марзбони ӯзбак бидуни ҳушдор сӯи ӯ оташ кушодааст.
XS
SM
MD
LG